ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №14 АЗ 21.01.2020

21 Январи 2020, Сешанбе

Дар бораи муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокии шоҳқубури қутраш 600 мм, воқеъ дар кӯчаи  Ҳусейнзода 28, 30 ноҳияи Шоҳмансур

Бо мақсади пайваст намудани шоҳқубури хобонидашудаи қутраш  600 мм ба шоҳқубури амалкунандаи қутраш 600 мм дар кӯчаи Ҳусейнзода 28, 30 ва муроҷиати  Ҷамъияти дорои  масъулияташ маҳдуди  «Глобал Груп» аз 9 январи соли 2020,   №44-62 мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»    

 ҚАРОР  МЕКУНАМ:

  1. Нақшаи чорабиниҳои замимагардида оид ба муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокии шоҳқубури қутраш 600 мм, воқеъ дар кӯчаи Ҳусейнзодаи ноҳияи Шоҳмансур тасдиқ карда шавад.
  2.   Ба инобат гирифта шавад, ки дар ҷараёни иҷрои корҳои ба нақша  гирифташуда  интиқоли  оби  нӯшокӣ  дар ҳудуди:                                     

       -ноҳияи Шоҳмансур: кӯчаҳои Истаравшан, Ҳусейнзода, Академик Раҷабовҳо, Бухоро ва Нарзиқулов;

-ноҳияи Исмоили Сомонӣ: кӯчаҳои Бухоро, Бохтар, Пушкин ва Теҳрон  аз соати 23-00 рӯзи 21 январи соли 2020 то соати 24-00 рӯзи  22 январи соли 2020 қатъ мегардад.

  1. Раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар давраи  иҷрои   корҳои  ба  нақша   гирифташуда  бо  истифода  аз мошинҳои обкашӣ, сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.     Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ ва таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботҳои санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат қарор диҳад.
  1. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.
  2. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М. гузошта шавад.

 

    Рустами   Эмомалӣ

Илова кунед