Тоҷикӣ

ПЕШБАРИИ НОМЗАДИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА ВАКИЛИИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

22 Январи 2020, Чоршанбе

 

ш.Душанбе. 22.01.2020.  Имрӯз дар Конференсияи ташкилотҳои Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ номзадии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҳавзаи интихоботии №25 ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешбарӣ гардид.  

Конференсияи мазкур дар толори Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон баргузор гардида, дар кори он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Насимҷон Расулзода, раиси Комиссияи ҳавзаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Абдулло Холиқов, раиси Комисиссияи ҳавзаи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, вакилони конференсия, намояндагони ВАО ва нашрияҳои ҳизбӣ иштирок доштанд.

Дар кори конференсия масъалаҳои пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ба вакилии  Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Аз рӯи ҳарду масъала номзадҳо бо тарафдории вакилони конференсия ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва  вакилии  Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ пешбарӣ гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2019 интихоботи навбатии вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ 1 марти соли 2020 таъйин шудааст.

Илова кунед