РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ: ШИНОСОӢ БО ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ВАРЗИШГОҲ

29 Январи 2020, Чоршанбе

ш.Душанбе. 29.01.2020. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Низоми Ганҷавии ноҳияи Синои пойтахт бо рафти корҳои сохтмонӣ дар варзишгоҳ барои 30 ҳазор ҷойи нишаст шинос шуд.

Варзишгоҳ аз калонтарин иншооти бунёдшаванда бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт ба ҳисоб меравад.

Масоҳати ҷудогардида барои бунёди ин иншооти азими варзишӣ 9,05 гектарро дар бар гирифта, андозаи майдони футбол 105х68 метрро ташкил медиҳад.  

Фармоишгари иншоот Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва барои иҷрои корҳои сохтмонӣ се ширкати ватанӣ - ҶСК «СТС Иншоот», ҶСП «ЗАБ» ва ҶДММ «Замин транс» ҷалб гардидаанд.

То ин вақт аз ҷониби сохтмончиён корҳои кандани пули мошингард, кандани чоҳбун (котлован), кӯчонидани қубурҳои обу корезӣ ва фазлоб, бунёди таҳкурсии тасмашакл дар ҳама блокҳо ва инчунин деворҳои оҳану бетонии таҳхонаҳо пурра ба анҷом расонида шудаанд.

Айни замон кор дар ошёнаи якуми иншоот бо маром идома дорад.

Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни боздид аз  иншоот таваҷчуҳи бинокронро ба истифодаи масолеҳи баландсифати сохтмонӣ ҷалб намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки рафти иҷрои корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур таҳти назорати бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Дар асоси лоиҳа варзишгоҳ нимпӯшида буда, он аз чор минбар, ки дар ду сатҳ ҷой дода шудааст, иборат мебошад.

Мутобиқ ба стандарти байналмилалӣ дар ҳудуди варзишгоҳ бунёди иншооти ёрирасон, аз қабили лифт, зеристгоҳи барқӣ, партовгоҳ, ҳавзи оташхомӯшкунӣ ва таваққуфгоҳ барои 2000 автомобилро ба инобат гирифтаанд. Дар иншоот хонаҳои либосивазкунӣ барои варзишгарон, ҳамом, нуқтаҳои тиббӣ, толори обу тоби бадан, тениси рӯйи миз, гӯшаҳои шоҳмот ва шашкабзӣ, қаҳвхона ва ғайра мутобиқ ба талаботи муосир ташкил карда мешавад.

Барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҳуҷраҳои корӣ бо муҳайё намудани ҳама гуна шароит, толори нишастҳои матбуотӣ ва ҳуҷраҳои санитарӣ ташкил карда хоҳад шуд.

Ба раиси шаҳр муҳарам Рустами Эмомалӣ иттилоъ доданд, ки дар варзишгоҳи замонавӣ низоми даромаду баромади тамошобинон, нигоҳдории бехатарии варзишгоҳу варзишгарон дар вақти баргузории чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ бо истифода аз шабакаҳои муҳандисии камшиддат ба роҳ монда мешавад.

Бо ин мақсад масъулон ширкати маъруфи Ҷумҳурии Қазоқистон «SKYMAX technoloqies»-ро, ки асосан таҷҳизоти муосири ҷаҳонии тамғаи «Philips» - и Нидерландро истифода мебарад, ҷалб намудаанд. Таҷҳизоте, ки барои шабакаҳои камшиддат истифода мешаванд бо Федератсияи футболи Тоҷикистон мувофиқа карда шудааст.

Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ сохтмончиёнро муваззаф сохтанд, ки барои дар муҳлатҳои муайян бо сифати баланданҷом додани сохтмон корро дар мавсими гармо дар ду баст ба роҳ монда, тибқи нақшаи тарҳрезишуда иншоотро соли 2021 пурра ва бо сифати баланд барои баҳрабардоӣ омода намоянд. 

 

 

Илова кунед