Тоҷикӣ

ЭЪЛОН: Дар бораи баргузор намудани тендер

03 Феврали 2020, Душанбе

Воҳиди хариди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тибқи иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 3 феврали соли 2020, №50  “Дар бораи баргузор намудани тендер” бо мақсади интихоби пудратчӣ ҷиҳати иҷрои корҳои сохтмонӣ дар иншооти «Боғи Истиқлол» бо майдони  «Истиқлол ва Озодӣ» (марҳилаи дуюм) барои иштирок дар тендер довталабони ватанию хориҷиро даъват менамояд.

 Пешниҳоди ҳатмии ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмуни иншооти мазкур: 

  1. Дархост ҷиҳати иштирок дар тендер.
  2. Оинномаи корхона.
  3. Нусхаи ҳуҷҷатҳои таъсиси корхона.
  4. Пешниҳоди тендерӣ ва муҳлати иҷрои кор, харҷномаи иншооти аслӣ бо усули захиравӣ бо тафсири электронӣ.
  5. Нусхаи иҷозатномаҳо барои амалисозии навъҳои фаъолият.
  6. Кафолати бонкӣ барои иҷрои шартҳои дархости тендерӣ дар ҳаҷми 1% аз маблағи пешниҳоди тендерӣ.
  7. Маълумотномаи Нозироти андоз, макони қайд ва ФХИА. Иштирокчии тендер, набудани қарзҳои ба таъхирмондаро оид ба пардохтҳо ба буҷетҳои ҳамаи сатҳ ва фондҳои ғайрибуҷетӣ тасдиқ мекунад, ки на дертар аз 30 рӯз то ба охиррасии муҳлати додани дархост барои иштирок дар тендери мазкур дода шудааст (аслӣ).
  8. Маълумотнома оиди иҷрои корҳои иҷронамуда дар 5 соли охир.
  9. Маълумотнома оид ба мавҷудияти захираҳои моддӣ - техникӣ ва тахассуси кормандон.
  10. Пардохти бебозгашти ҳаққи иштирок дар тендер.
  11. Тибқи супориши протоколии маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, №12 харидории семент аз субъекти хоҷагидори давлатӣ - ҶСК «Сементи Тоҷик» ва истифодаи дигар масолеҳҳои истеҳсоли ватанӣ бештар ба роҳ монда шавад.

Барои гирифтани маълумотҳои иловагӣ ва дастрас намудани ҳуҷҷатҳои тендерӣ, довталабон метавонанд, ба Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе бо суроғаи ш.Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев - 24, бо телефонҳои 221-14-45 ва почтаи электронии: uksdushanbe@mail.ru муроҷиат намоянд.

Дархостҳо дар лифофаҳои муҳргузошта то соати 17 - 00 - и санаи 17 - уми феврали соли 2020 ба Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе бо суроғаи кӯчаи Неъмат Қарабоев - 24, пешниҳод карда шавад.

Довталабон метавонанд, маълумоти иловагиро тавассути Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе ва ё ба рақами телефони 221 – 14 - 45 дастрас намоянд.

Рӯзи баргузории тендер: санаи 18 - уми феврали соли 2020, соати 15 - 00.

Макони  баргузории тендер: Бинои маъмурии Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе, кӯчаи Неъмат Қарабоев - 24.   

Илова кунед