ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №38 АЗ 31.01.2020

03 Феврали 2020, Душанбе

Дар бораи баргузор намудани Фестивали заргарӣ

таҳти унвони «Ҳунар омӯз …»  дар шаҳри Душанбе

Бо мақсади иҷрои банди 3 ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140 тасдиқ гардидааст, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 ҚАРОР МЕКУНАМ: 

  1. Ҳайати Комиссияи шаҳрӣ барои муайян намудани ғолиби фестивали мазкур тибқи замимаи 1 тасдиқ карда шавад.
  2. Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявӣ баргузор намудани фестивали заргарӣ таҳти унвони «Ҳунар омӯз …», тадбирҳои дахлдорро амалӣ намоянд.
  3. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти баргузории озмуни мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монанд.
  4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 Рустами  Эмомалӣ

Илова кунед