Тоҷикӣ

ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОӢ-ИҚТИСОДИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР СОЛИ 2019: НИШАСТИ МАТБУОТӢ

12 Феврали 2020, Чоршанбе

ш.Душанбе. 12.02.2020. Имрӯз дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2019 нишасти матбуотӣ доир гардид.

Дар он муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе роҳбарони сохторҳои дастгоҳи Раис ва муассисаву корхонаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2019 ва нақшаҳо барои давраи минбаъда дар назди намояндагони Воситаҳои ахбори омма гузориш дод.

Тавре зикр гардид, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соли 2019 бо ҳидояту дастгириҳои бевосита ва бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмин намудани рушди босуботи ҳамаи соҳаҳои пойтахти мамлакат, амалӣ гардонидани дигаргунсозиҳо ва фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ барои сокинон хеле корҳои назарраси  созандагиро ба анҷом расонид.

Дар ин давра ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ ба 15,1 миллиард сомонӣ расида, суръати афзоиши он нисбат ба соли 2018  7,2 фоиз зиёд ва ҳиссаи он дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ  ба 18 фоиз баробар гардид.

Рушди маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 121 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 118 фоиз, гардиши савдо 108 фоиз, мусофиркашонӣ 114 фоиз ва боркашонӣ 105 фоиз таъмин карда шуд.

Аз ҷониби корхонаҳои шаҳр ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,7 миллиард сомонӣ баробар шуда, суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22  фоиз афзоиш  ёфт.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи саноати истихроҷ 44 миллион сомонӣ ё 3,2 баробар, саноати коркард 1,7 миллиард сомонӣ ё 18 фоиз, истеҳсолу интиқоли нерӯи барқу гармӣ ва обтаъминкунӣ 927 миллион сомонӣ  ё  беш аз 12 фоиз зиёд гардидааст.

Корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 9 миллион сомонӣ 245 ҳазор ҷуфт либоси мактабӣ истеҳсол намуданд, ки нисбат ба  соли  2018  аз ҳисоби истеҳсол 5 фоиз зиёд мебошад.

Содироти маҳсулоти саноатии шаҳри Душанбе дар ҳамин  давра ба 5,2 миллион доллари амрикоӣ баробар шуд, ки нисбат ба соли 2018 1,7 баробар зиёд мебошад.

Соли 2019 бо ибтикор ва иштироки Пешвои муаззами миллат дар шаҳр корхонаҳои муосири истеҳсоли обҳои ташнашикани «Сиёма», коркарди сангҳои ватании «Зиркон», ҷиҳозбарории «Бисот», истеҳсоли  маҳсулоти заргарии «Равшан»  ва корхонаи истеҳсоли асфалту бетон бо таъсиси  беш аз 500 ҷойи нави корӣ ба истифода супорида шуданд.

Барои бунёди 5 корхонаи саноатии истеҳсоли семент, орд, қолинҳо, таҷҳизоти барқӣ ва қубурҳои шишапластикӣ бо 1150 ҷойи нави корӣ санги асос гузошта шуд.

Ҳамин тавр, дар ин давра 62 корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ бо таъсиси беш аз 800 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз карданд, ки нисбат ба соли 2018  мутаносибан 40 корхона ва 650 ҷойи корӣ зиёд аст.

Аз ҳисоби ба кор даровардани иқтидорҳои нав ва баланд бардоштани иқтидорҳои мавҷуда дар корхонаю  коргоҳҳои пойтахт, дар маҷмӯъ, беш аз 31  ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.

Истеҳсоли нерӯи барқ 1,5 миллиард киловатт - соатро ташкил кард, ки нисбат ба соли 2018-ум қариб 18 фоиз зиёд аст.

Қобили зикр аст, ки дар шаҳри Душанбе бори аввал дар замони истиқлолияти давлатӣ нерӯи барқ нисбат ба даврони шӯравӣ ду баробар зиёд истеҳсол карда шуд.

Ҳарчанд ки дар давраи ҳисоботӣ дар ҳаҷми 3 миллиард киловатт - соат нерӯи барқ қабул гардид, вале бо сабаби зиёд шудани корхонаҳо ва пайвастшавии иншооти нав қабули нерӯи барқ нисбат ба соли 2018 10  миллион киловатт - соат зиёд шудааст.

Истеҳсоли гармӣ дар ин давра ба 840 ҳазор гигакалорий баробар гардид, ки нисбат ба соли 2018 28 фоиз ё 184  ҳазор  гигакалорий зиёд мебошад.

Соли 2019-ум 38 километр хатҳои  гармигузар  ба маблағи  62 миллион сомонӣ азнавсозӣ карда шуд, ки дар муқоиса бо  соли 2016  4 баробар зиёд аст.

Зикр бояд кард, ки дар зарфи се соли охир 160 километр шабакаҳои гармидиҳӣ ё 320 километр қубурҳои гармигузар ба маблағи 173 миллион сомонӣ азнавсозӣ гардид.

Барои давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 қабули гармӣ дар 2180 иншоот пешбинӣ гардида, дар натиҷаи чораҳои амалигардида, дар маҷмӯъ, 2310 иншоот ба шабакаҳои гармидиҳӣ пайваст карда шуд.

Ин нишондиҳанда 106 фоизи  нақшаро ташкил медиҳад.

Бо мақсади боз ҳам беҳтару зебо гардидани симои меъмории шаҳр дар зарфи се сол зиёда аз 37 ҳазор фурӯзонакҳо, беш аз 3 ҳазор чароғҳои фарсудашуда ва қуттиҳои идоракунӣ иваз карда шуда,  намои  шабонаи 252 иншооту биноҳо бо ороишҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд.

Хиёбону кӯчаҳои шаҳр бо реклама ва ороишоти замонавӣ таҷҳизонида шуда, ҷамъоварии пардохтҳо аз ҳисоби реклама 110 фоиз таъмин карда шуд.

Дар соли ҳисоботӣ ҳаҷми умумии маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба 3,2 миллиард сомонӣ баробар шуда, назар ба соли гузашта 18 фоиз афзоиш ёфтааст.

Соли 2019-ум 345 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ва масоҳатҳои тиҷоратӣ ба истифода дода шуданд. Ин рақам  нисбат ба соли 2018-ум  60 фоиз зиёд аст.

Соли  2019-ум 11 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ барои 16 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода супорида шуд.

Дар ин робита бояд тазаккур дод, ки то ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ шумораи муассисаҳои нави таълимӣ ба 30 ва шумораи ҷойҳои нави нишаст ба 27 ҳазор расонида шуда, ба ин васила масъалаи норасоии ҷойи нишасти хонандагон пурра ҳал мегардад.

Соли 2019 сохтмони 58 майдончаи варзиш ва 6 боғу  гулгашт ба анҷом расида, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд.

Бо ибтикори Сарвари давлат барои бунёди Боғи “Истиқлолият" бо майдони «Истиқлол ва Озодӣ” ва 8 меҳмонхонаи замонавӣ санги асос гузошта шуд.

Дар соли 2019 38 километр  роҳҳои мошингард азнавсозӣ карда шуданд, ки аз ин 22 километр тариқи эҳсонкорӣ анҷом ёфтааст.

Дар доираи ҳамкориҳои судманд миёни Тоҷикистону Ҳиндустон аз ҳисоби маблағҳои грантии ин давлат сохтмони 9,2 километр роҳи мошингард  ба маблағи 46  миллион доллари амрикоӣ оғоз гардид.

Соли 2019 21 километр роҳҳои шаҳр ва роҳи дусатҳа аз хиёбони Исмоили Сомонӣ то дарвозаи ғарбии пойтахт ба масофаи 4,2 километр бо тарҳи замонавӣ азнавсозӣ гардида, мавриди истифода қарор дода мешавад.

Дар соли 2019 бо ҳама намуди нақлиёт 312 миллион нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,3 фоиз зиёд мебошад.

Соли 2019 аз корхонаи ватании “АКИА” 100 автобус ва аз Ҷумҳурии Беларус 4 троллейбуси беноқил харидорӣ гардида, соли ҷорӣ харидории боз 100 автобус ва 100 троллейбус пешбинӣ мегардад. Амалӣ намудани низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбар яке аз дастовардҳои пойтахт дар солҳои охир мебошад.

Дар ин давра дар 23 хатсайр пардохти роҳкиро тариқи низоми электронӣ ба роҳ монда, 419 ҳазор кортҳо, аз ҷумла 2 ҳазору 700 корти имтиёзнок ба сокинони пойтахт дастрас гардид.

Бо ҷалби сармояи хориҷӣ дар марҳалаи якуми лоиҳаи рушди нақлиёти истифодаи умуми шаҳр ба маблағи 8,2 миллион доллари амрикоӣ 3 зеристгоҳи тақвиятӣ, 12 километр ноқилҳои троллейбус ва 47 километр кабелҳои зеризаминӣ азнавсозӣ гардида, соли 2019 ба истифода дода шуданд.

Марҳалаи дуюми лоиҳа ба маблағи 8,8 миллион доллар оғоз мегардад, ки дар доираи он барқарорсозии  4 зеристгоҳи тақвиятӣ, иваз кардани  30 километр кабелҳои зеризаминӣ, 20 километр ноқилҳои троллейбус ва азнавсозии инфрасохтори рӯизаминии нақлиёти барқӣ  анҷом дода мешавад.

Соли ҳисоботӣ нақшаи умумии буҷети шаҳр ба маблағи 3,1 миллиард сомонӣ ё 100 фоиз иҷро гардид, ки ин нисбат ба нақша 800 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Қисми даромади буҷети шаҳр аз рӯи воридоти андозу пардохтҳои ҳатмӣ 103 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 1,9 миллиард сомонӣ маблағ ворид шуд, ки ин аз нақша 54 миллион сомонӣ зиёд аст.

Нақшаи қисми хароҷоти буҷет 97 фоиз иҷро гардида, ба соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоии шаҳр 1,9 миллиард сомонӣ равона карда шуд.

Дар се соли охир ба иқтисодиёти шаҳр 850 миллион доллари амрикоӣ сармоя ҷалб гардидааст, ки 180 миллиони он ба соли 2019 рост меояд.

Дар давраи ҳисоботӣ 142 миллион метри мукааб оби нӯшокӣ истеҳсол ва ба аҳолӣ ба маблағи 79 миллион сомонӣ интиқол гардида, ҷамъоварии маблағи он 88 миллион сомонӣ ё 111  фоизро ташкил намуд.

Корхонаи обу корези шаҳр дар давоми солҳои охир бори аввал фаъолияти худро дар соли 2019 бо фоида ҷамъбаст кард.

Бо мақсади беҳтар гардонидани сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ дар соҳаи обу корез бо Бонки Осиёии Рушд созишномаи грантӣ ба маблағи 46 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расид ва ҳоло амалӣ шуда истодааст.

Ҷиҳати беҳтаргардонии вазъи  обтаъминкунӣ ва корез дар ноҳияи Сино  бо  Бонки Умумиҷаҳонӣ гуфтушунидҳо баргузор гардида, барои татбиқи лоиҳа ҷудо кардани 30 миллион доллари амрикоӣ ҳамчун маблағи грантӣ дастгирӣ ёфтааст.

Ҳамчунин, соли 2019 сохтмони марҳалаи дуюми обполакҳои зудамали регӣ ба маблағи 5,5 миллион  доллари амрикоӣ ба анҷом расонида шуд, ки иқтидори шабонарӯзии он 150 ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад ва  ин иншоот нисфи аҳолии пойтахтро бо оби босифати ошомиданӣ таъмин месозад.

Бо мақсади сари вақт баровардан ва безарар намудани партовҳо аз ҷониби корхонаҳои соҳа ба миқдори 315 ҳазор тонна партовҳои сахти маишӣ қабул ва тахту ҳамвор карда шудаанд.

Фаъолияти мақомот дар бахши робита бо чомеа тақвият ёфта, дар умум 2560 мулоқоту вохӯриҳои фахмондадиҳӣ бо фарогирии 393 хазору 821 нафар доир ба иштироки сокинон дар корҳои созандагӣ ва ҳамбастагии онҳо ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби ғояҳои истиқлолият, худшиносӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, ташаккули тарзи хаёти солим, баланд бардоштани зиракии сиёсӣ, мусоидат ба рушди маънавиёт ва фарҳанги шаҳрнишинӣ дар ҳошияи шарҳу тавзеҳи муҳтавои паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 26 декабри соли 2018 ва дигар санадхои меъёрии хуқуқӣ амалӣ гардида, 138 фестивалу озмунҳо, 28 конференсия ва ҳамоишҳои илмии сатҳи баланд 63 мизҳои мудаввар, 2 форуми байналмилалӣ ва 4 форуми шаҳрӣ бо иштироки олимону коршиносон ва мутахаассисон баргузор карда шуд.   

Соҳаи маориф яке аз бахшҳои асосии фаъолияти мақомот ба ҳисоб рафта, барои рушди ҳамаҷонибаи он ҳамаи чораҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд.

Соли гузашта дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои  6, 18, 99 ва 53 биноҳои нав бунёд гардида, бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуданд.

Илова бар ин, аз ҷониби роҳбарияти шаҳри Душанбе муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 84 ва 11 ифтитоҳ гардиданд.

Хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт дар озмуну олимпиадаҳо фаъолона ширкат варзида, сазовори 171 медал дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ва 237 медали олимпиадаи ҷумҳуриявӣ шудаанд.

Масъалаи беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин рушди шаклҳои нави кумаки аввалияи тиббиву санитарӣ яке аз вазифаҳои муҳимми шаҳрдорӣ ба ҳисоб меравад.

Ҷиҳати хизматрасонии саривақтии ёрии таъҷилӣ 8 воситаи нақлиёти замонавӣ харидорӣ гардид.

Барои баланд бардоштани нақши занон дар таҳкими оила, таълиму тарбияи фарзандон, пешгирии шиддати пошхӯрии оилаҳо, мусоидат ба таҳсил ва бо шуғл таъмин намудани занону духтарон аз ҷониби мақомот тадбирҳои мунтазам амалӣ карда мешаванд.

Шумораи умумии бонувони пойтахт ба 403  ҳазор нафар расида, аз ин шумора 67 ҳазор нафар аз рӯи касбу кори гуногун ба фаъолият машғул мебошанд.

Соли гузашта зиёда аз 7 ҳазор  нафар занон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд, ки нисбат ба соли 2018-ум қариб 1700 нафар зиёд мебошад.

Дар баробари ин, аз ҷониби мақомот ба касбомӯзии занону духтарон таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир гардида, 1800 нафар занону ҷавондухтарон ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд.

Бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби занону духтарон ба онҳо дар ноҳияҳои шаҳр корхонаҳои ҳунарҳои мардумӣ таъсис дода шуда, занону духтарон ба омӯзиши ҳунарҳои гуногун фаро гирифта шудаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 7900 оилаи нав бунёд шуда, қариб 2300 ҳолати  пошхӯрии оилаҳо ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2018 528  ҳолат зиёд мебошад.

Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш беш аз 1700 чорабинӣ бо фарогирии қариб 800 ҳазор нафар гузаронида шуд.

Дастпарварони мактабҳои махсуси захираҳои олимпии шаҳр дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, соҳиби 1800 медали тилло, 1502 соҳиби медали нуқра ва 1529 медали биринҷӣ гардиданд.

Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳимми муаррификунандаи давлату миллат, таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои мардумӣ ба шумор рафта, рушди он ба инкишофи ҳамаҷонибаи соҳаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла соҳаҳои хизматрасониву маишӣ ва истеҳсолӣ мусоидат менамояд.

Бо мақсади муаррифии васеи имкониятҳои сайёҳӣ ва тарғибу ташвиқи мавзеъҳои таърихӣ ва фарҳангиву фароғатии шаҳри Душанбе ба забонҳои русиву англисӣ видеороликҳо таҳия гардида, сомонаи расмии сайёҳии пойтахт фаъол ва тамоми иттилооти сомона бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ омода карда шуданд.

Дар ин давра барои ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ва дохилӣ Фестивали тобистонаи Душанбе – 2019, Фестивали таомҳо ва мусиқӣ, Фестивали байналмилалии “Наврӯз мероси фарҳангии сайёҳӣ” ва Форуми байналмилалии “Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ” бо фарогирии беш аз 100 ҳазор нафар сокинону меҳмонони пойтахт баргузор гардид.

Аз ҷониби ташкилоти бонуфузи байналмилалии омори сайёҳӣ соли 2019 шаҳри Душанбе ба қатори даҳгонаи шаҳрҳои амн ва макони гузаронидани чорабиниҳои солинавӣ дар ҳудуди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эътироф гардид.

Бо қарори Раиси шаҳр ҷиҳати таъмини фаъолияти муназзами муассисаҳои соҳаи фарҳанги шаҳр барномаи рушди соҳа қабул гардида, мавриди амал қарор дорад.

Соли 2019 дар пойтахти кишвар як силсила чорабиниҳо ва ҷашнҳои милливу давлатӣ дар сатҳи баланди омодагиву фарҳангӣ баргузор карда шуданд.

Ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ, танзими расму ойинҳо ва ҷашну маросим, ки барои баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии сокинон равона шудааст, яке аз самтҳои афзалиятноки мақомот маҳсуб мегардад.

Дар ин давра доир ба риояи талаботи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим корҳои назаррас амалӣ гардида, бо мақсади коҳиш додани исрофкорӣ ва пешгирӣ кардани қонуншиканиҳо 610 вохӯриҳои фаҳмондадиҳӣ бо фарогирии 61000 нафар, 3365 маротиба санҷишҳои назоратӣ аз ҷониби масъулини шуъба дин, танзими анъана ва ҷашну маросими шаҳр ва бахшҳои ноҳиявии он баргузор карда шуд.

Қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарияти мақомот ба таври мунтазам ба роҳ монда шудааст.

Дар ин давра аз ҷониби сокинони шаҳр, дар маҷмӯъ, 6002 муроҷиати хаттӣ  ва 689 муроҷиат тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ворид гардида, ҷиҳати қонеъ гардонидани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 - солагии истиқлолияти давлатӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба корҳои созандагӣ барои солҳои 2019-2021 дар шаҳри Душанбе 4145 чорабиниҳои гуногун, бахусус, дар самти бунёди иншооти иҷтимоию саноатӣ ва савдою хизматрасонӣ бо таъсиси беш аз 23 ҳазор ҷойҳои нави корӣ пешбинӣ гардидааст.

Танҳо соли 2019 дар шаҳр бунёди 11 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ барои 16 000 нафар хонандагону тарбиягирандагон, таъмиру азнавсозии 20 муассисаи тандурустӣ, 26 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бо 1545 ҷойи нави корӣ, 126 ҳазор метри мураббаъ роҳҳо, 104 бинои баландошёна бо ҷойгиронии марказҳои савдо, таъмири 75 хобгоҳ,  рангубори 922 бино ва азнавсозии 237  нуқтаи партовпартоӣ амалӣ карда шуд, ки ин 103,3 фоизи иҷрои нақшаи соли 2019-ро ташкил медиҳад.

Дар ҷараёни нишаст роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба пурсишу суолҳои намояндагони васоити ахбори омма оид ба паҳлуҳои алоҳидаи фаъолияти шаҳрдорӣ ва иншондодҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2019 ва вазифаҳо барои соли солҳои минбаъда посух гуфтанд.

 

Илова кунед