Тоҷикӣ

«ОЗМУНИ ДАСТАРХОНОРОӢ» ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ»

18 Феврали 2020, Сешанбе

ш.Душанбе. 18.02.2020. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар пойтахт даври шаҳрии озмуни «Озмуни дастархонороӣ" дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар он ғолибони 4 ноҳияи шаҳр, ки бо санъати баланд дар эҳёи анъанаҳои дастархонороӣ саҳм гузоштанд, ҳунари худро пешкаши иштирокчиён ва тамошобинони ин озмуни ҳунари миллӣ намуданд.

Озмуни мазкур дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 ва қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе аз 3 феврали соли 2020 доир гардида, ҳадафи он бо истифодаи сарфакории моҳиронаву ҳунармандона фароҳам овардани имконият барои беҳтар намудани сифати оростани дастархон дар тӯю маъракаҳо ба шумор меравад.

Лозим ба зикр аст, ки "Озмуни дастархонороӣ" дар се давр гузаронида шуда, ғолибони даврҳои ноҳиявию шаҳрӣ ҳуқуқи иштирок дар сатҳи ҷумҳуриявиро пайдо мекунанд.

Ҳунари иштирокчиёни озмун аз рӯи тарзи истифодаи сарфакории моҳирона оростани дастархон, зебо, хушоянд ва дилписанд будан, риояи анъанаҳои миллӣ ва ба замона мутобиқат кардани дастархони оросташуда баҳогузорӣ гардид.

Миллати тоҷик яке аз қадимтарин мардумони минтақаи Осиёи Марказӣ буда, дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ бо мероси бои фарҳангии моддӣ ва ғайримоддӣ мақоми шоиста касб намудааст.

Халқи тоҷик на танҳо дар бахши омодасозии анвои таъомҳои миллӣ, балки дар дастархонороӣ низ маҳорати баланд дошта, хони оростаи ҳунармандони он на фақат чорабиниҳои хонаводагӣ, балки ҷашнҳои пуршукӯҳи идонаи миллиро зебу зиннати хоса мебахшанд.. 

Анъанаи дастархонороии тоҷикон бо зарфиятҳои хоси худ, бахусус аз лиҳози усули оростан ва унсурҳои истифодаи анвои маҳсулоти миллӣ дар ҷаҳон беназиранд.

Ин аст, ки фарҳанги дастархонороӣ, ҷузъе аз анъанаҳои фарҳанги меҳмоннавозии тоҷикон ба шумор меравад.

Дар ҷамъбасти озмун ғолибон муайян гардида, сазовори ҷойи якум   ноҳияи Сино бо маблағи 5000 сомонӣ, ҷойи дуюм ноҳияи Фирдавсӣ 3000 сомонӣ ва ҷойи сеюм ноҳияи Шоҳмансур бо маблағи 1000 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.

 

Илова кунед