Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №110 АЗ 19.02.2020

19 Феврали 2020, Чоршанбе

Дар бораи баргузор намудани мусобиқаи варзишӣ оид ба волейболи касбӣ байни бонувони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти «Ҷоми пойтахт» бахшида ба Рӯзи Модар

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Модар, ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиши намуди волейбол байни бонувон, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ ва иҷрои банди 8 қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 11 феврали соли 2020, №79 мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» 

Қ А Р О Р   М Е К У Н А М :

  1. Мусобиқаи варзишӣ оид ба волейболи касбӣ байни бонувони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти «Ҷоми пойтахт» бахшида ба Рӯзи Модар дар Муассисаи давлатии “Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №5 оид ба бозиҳои варзишӣ”- и Муассисаи давлатии “Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ”-и шаҳриДушанбе аз 19 феврал то 7 марти соли 2020 баргузор карда шавад.
  2. Ҳайати кумитаи тадорукот, тартиби баргузорӣ ва харҷномаи мусобиқа тибқи замимаҳои № 1, 2 ва 3 тасдиқ карда шаванд.
  3. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои фонди рушди пойтахт ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе тибқи харҷномаи замимагардида бо дарназардошти андоз маблағи 55 000 (панҷову панҷ ҳазор) сомонӣ ҷудо намояд.
  4. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М. М., Муассисаи давлатии «Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ» дар ҳамкорию ҳамоҳангсозӣ бо кумитаи тадорукот, раёсатҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, занон ва оилаи шаҳри Душанбе барои даъват ва ҷалби дастаҳои волейболи бонувони вазорату идораҳо ва раёсату муассисаҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.
  5. Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Хадамоти давлатии оташнишонӣ, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии “Ёрии таъҷилӣ” ва дар сатҳи баланди касбӣ доир намудани мусобиқа чораҳои зарурӣ андешанд.
  6. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти баргузории мусобиқаи мазкурро тавассути воситаи ахбори омма таъмин намоянд.
  7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М. ва муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

       РУСТАМИ  ЭМОМАЛӢ

Илова кунед