АЁДАТИ САРБОЗОНИ БИСТАРИИ ГОСПИТАЛИ ҲАРБИИ ВАЗОРАТИ МУДОФИА
шаҳри Душанбе, 20.02.2020. Имрӯз дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе тасдиқ гардидааст, аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр аёдати сарбозони бистарии госпитали ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд.
Дар ин робита, муовини Раиси шаҳри Душанбе-Мавсума Муинӣ бо вазъи будубош ва ҷараёни табобати сарбозон дар Госпитали мазкур шинос шуда, аз номи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе онҳоро ба муносибати таъсиси Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.
Масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе зикр намуданд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ вазифаи ҳар як ҷавонмарди асил аст ва беҳуда онро мактаби мардонагӣ наномидаанд.
Сипас, ба сарбозони бистарӣ туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.