Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №144 АЗ 28.02.2020

02 Марти 2020, Душанбе

Дар бораи баргузор намудани Фестивали «Оши палав» дар шаҳри Душанбе

Бо мақсади тарғибу ташвиқи ҳунари ошпазӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии халқи тоҷик дар доираи таҷлили «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», инчунин иҷрои сархати 4 банди 2 нусха аз протоколи ҷаласаи назоратии назди Раиси шаҳри Душанбе аз 16 декабри соли 2019, №46 мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» 

ҚАРОР МЕКУНАМ: 

  1. Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва баргузории Фестивали «Оши палав», Низомнома ва ҳайати Кумитаи тадорукоти баргузории Фестивали «Оши палав» тибқи замимаҳои 1, 2 ва 3 тасдиқ карда шавад.
  2. Муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбарони сохторҳои марбутаи дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор иҷрои саривақтии нақшаи чорабинии мазкурро таъмин намоянд.
  3. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи қарор ва рафти баргузории чорабинии мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.
  4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовинони Раиси шаҳри Душанбе, Муинӣ М. ва Гуреззода У. гузошта шавад. 

   РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

Илова кунед