Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №155 АЗ 03.03.2020

06 Марти 2020, Ҷумъа

      Дар бораи баргузор намудани мусобиқаи кушоди  варзишӣ оид ба футболи хурд байни кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои              дарёфти «Ҷоми пойтахт» бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе   

         Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ, ғоявию бадеӣ  таҷлил намудани Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе, ташвиқу тарғиб ва               рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар             бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» 

                                   Қ А Р О Р   М Е К У Н А М :

Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба футболи хурд байни кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти «Ҷоми пойтахт» бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе дар майдончаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон аз 13 март то 17 апрели соли 2020 баргузор карда шавад.

  1. Ҳайати кумитаи тадорукот, тартиби баргузорӣ ва харҷномаи мусобиқа тибқи замимаҳои № 1, 2 ва 3 тасдиқ карда шаванд.
  2. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби

маблағҳои фонди рушди пойтахт ба бахши муҳосиботи 

дастгоҳи Раиси шаҳри  Душанбе  тибқи  харҷномаи

замимагардида бо    дарназардошти андоз маблағи 128 800

(яксаду бисту ҳаштҳазору ҳашсад) сомонӣ ҷудо намояд.

  1. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М., Муассисаи давлатии «Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ», дар ҳамкорию ҳамоҳангсозӣ бо кумитаи тадорукот, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Федератсияҳои футболи Тоҷикистон ва шаҳри Душанбе барои даъват ва ҷалби дастаҳои футболи кормандони вазорату идораҳо ва раёсату муассисаҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.
  2. Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Хадамоти давлатии оташнишонӣ, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе, ҷиҳати таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии “Ёрии таъҷилӣ” ва дар сатҳи баланди касбӣ доир намудани мусобиқа чораҳои зарурӣ андешанд.
  3. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти баргузории мусобиқаи мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.
  4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М. ва муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 

 

        Рустами  Эмомалӣ

 

Илова кунед