ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №160 АЗ 05.03.2020

07 Марти 2020, Шанбе

   

   Дар бораи баргузор намудани мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ «Гуштингирӣ» ва мусобиқаи варзиши пойгаи аспдавонӣ барои дарёфти ҷоми «Пойтахт - 2020» бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе

Бо мақсади иҷрои банди 89 Нақшаи кори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2020, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 27 декабри соли 2019, №820 тасдиқ гардидааст, ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»

Қ А Р О Р     М Е К У Н А М:

  1. Мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ «Гуштингирӣ» рӯзи 21 марти соли 2020, соати 1000 ва мусобиқаи варзишии пойгаи аспдавонӣ рӯзи 22 марти соли 2020, соати 1400 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе барои дарёфти ҷоми «Пойтахт - 2020» баргузор карда шаванд.
  2. Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ҳайати кумитаи тадорукот, тартибҳои баргузорӣ ва харҷномаи мусобиқаҳо тибқи замимаҳои №1, 2, 3, 4, 5 ва 6 тасдиқ карда шаванд.
  3. Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М., муовинони Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М., Гуреззода У., Ҷумазода Ф.Т., Саидзода Ф.Ҳ., Раҳимзода Т.К., роҳбарони сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаҳои зикршуда чораҳои зарурӣ андешанд.
  4. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳое, ки ҳамчун ташаббуси шаҳрвандӣ, тариқи эҳсонкорӣ ба суратҳисоби махсуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ворид гардидаанд, тибқи харҷномаҳои замимагардида барои гузаронидани мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ «Гуштингирӣ» ва мусобиқаи варзиши пойгаи аспдавонӣ барои дарёфти ҷоми «Пойтахт - 2020» бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе маблағи 190 500 (як саду навад ҳазору панҷсад) сомонӣ ҷудо намояд.
  5. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М., Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар ҳамкорию ҳамоҳангӣ бо кумитаи тадорукот, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи гуштини миллӣ «Гуштингирӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи «Пойга ва бузкашӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои даъват ва ҷалби беҳтарин варзишгарон, паҳлавонону аспсаворон аз корхонаҳои асппарварии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
  6. Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои таъмини асбобҳои пахши садо ва ташкили барномаи фарҳангӣ бо ҷалби ҳунармандони беҳтарин дар ҷойи баргузории мусобиқаҳои зикргардида тадбирҳои мушаххас андешад.
  7. Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, тандурустӣ, кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Хадамоти давлатии оташнишонӣ, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе, ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии «Ёрии таъҷилӣ», нақлиёти сӯхторхомӯшкунӣ, риояи Маромномаи сокини пойтахт ва дар сатҳи баланди касбӣ доир намудани мусобиқаҳои мазкур чораҳои зарурӣ андешад.
  8. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти баргузории мусобиқаҳои мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.
  9. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М. ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М. гузошта шавад.

 

Рустами Эмомалӣ

 

Илова кунед