Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №172 АЗ 13.03.2020

16 Марти 2020, Душанбе

Дар бораи гузаронидани озмунҳои шаҳрии «Оилаи беҳтарин», «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» 

Бо мақсади иҷрои банди 34 нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2019, №АП-1176 тасдиқ шудааст ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

ҚАРОР МЕКУНАМ:

  1. Ҷиҳати муайян намудани беҳтарин оила, маҳалла ва кӯча озмунҳои шаҳрии «Оилаи беҳтарин», «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» гузаронида шуда, дар арафаи таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст карда шавад.
  2. Ҳайати Комиссияи шаҳрӣ барои муайян намудани ғолибони озмунҳои шаҳрии «Оилаи беҳтарин», «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин», Низомномаи гузаронидани озмун ва меъёрҳои муайян намудани оила, маҳалла ё кӯчаи беҳтарин тибқи замимаҳои 1, 2 ва 3 тасдиқ карда шавад.
  3. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи ноҳия баргузор намудани ҳамин гуна озмунҳо ва то 20 августи ҳама сола ҷамъбаст намудани натиҷаҳои он тадбирҳои зарурӣ андешанд.
  4. Комиссияи шаҳрӣ натиҷаҳои озмунҳоро бо дарназардошти номзадҳои аз тарафи комиссияҳои ноҳиявӣ пешниҳодгардида то 1 сентябри ҳар сол ҷамъбаст намояд.
  5. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои барои иҷрои вазифаҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати мукофотонидани ғолибони озмунҳои шаҳрии «Оилаи беҳтарин» - 12 000 (дувоздаҳ ҳазор) сомонӣ (барои ҷойи якум - 6000, ҷойи дуюм - 4000 ва ҷойи сеюм - 2000 сомонӣ) «Маҳаллаи беҳтарин» - 12000 (дувоздаҳ ҳазор) сомонӣ (барои ҷойи якум - 6000, ҷойи дуюм - 4000 ва ҷойи сеюм - 2000 сомонӣ) ва «Кӯчаи беҳтарин» - 12000 (дувоздаҳ ҳазор) сомонӣ (барои ҷойи якум - 6000, ҷойи дуюм- 4000 ва ҷойи сеюм - 2000 сомонӣ) дар соли 2020 ҷудо намуда, дар соли 2021 маблағҳои заруриро таъмин намояд.
  6. Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳаи ободонӣ ва бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе барои дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври тантанавӣ ба ғолибони озмунҳо супоридани мукофоти пулӣ ва Дипломи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо зикри соли баргузории озмун, навиштаҷоти «Оилаи беҳтарин», «Маҳаллаи беҳтарин» ё «Кӯчаи беҳтарин» ва барои иштироки фаъолона дар озмун «Сипоснома»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, тадбирҳои зарурӣ андешанд.
  7. Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 28 июни соли 2019, №368 «Дар бораи гузаронидани озмунҳои шаҳрии «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» аз эътибор соқит дониста шавад.
  8. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи қарори мазкур ва рафти баргузории озмунҳоро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.
  9. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳаи ободонӣ гузошта шавад.

                                                                               Рустами Эмомалӣ

Илова кунед