ИМРӮЗ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА БАРГУЗОР ГАРДИД
ш.Душанбе. 01.04.2020. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар бинои Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев ба муносибати оғоз гардидани маъракаи даъвати баҳории шаҳрвандони мамлакат ба хизмати ҳарбӣ таҳти унвони «Рӯзи даъватшаванда» ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомади тантанавии гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ аз чор ноҳияи пойтахт муовини Раиси шаҳри Душанбе, масъулини комиссариатҳои ҳарбии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, инчунин намояндагони дигар сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои пойтахт иштирок намуданд.
Дар ҷамъомад муовини Раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода зикр кард, ки бо қарори Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахт маъракаи гусели даъватшавандагон ба қисмҳои ҳарбӣ ба таври тантанавӣ сурат гирифта, хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, муташаккилона пешвоз гирифта мешаванд ва ҷамъомади бошукӯҳи имрӯза далели амалишавии ин иқдом аст.
“Хизмат дар сафи Артиш, ҳимоя аз марзу буми Ватан-Модар ҳамеша мояи шараф ва ифтихори ҳар як фарди боору номус ва ватанхоҳ буд, ҳаст ва ин рисолат то абад боқӣ мемонад. Артиш пеш аз ҳама мактаби мардонагист ва ҳар ҷавонмарди асил бояд онро гузарад, дар он обутоб ёфта, ҳамчун сарбози ҳақиқӣ ба камол расида, баҳри ҳимояи Ватан омода гардад”, -иброз дошт номбурда.
Дигар баромадкунандагон зикр карданд, ки ҳар ҷавонмарди асили сарзамин бояд пояҳои давлатдории миллиро ҳамчун гавҳари ноёб эҳтирому нигоҳ дошта, дар таҳкими онҳо саҳмгузор бошад.
Онҳо роҳнамоиҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ раҳмонро сармашқи зиндагиномаи худ қарор дода, пайваста бо меҳри Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлол ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намуда, барои ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, якпорчагии марзу буми он ҳамеша тайёр бошанд.
Дар ҷамъомад барномаи пурмуҳтавои фарҳангӣ пешниҳоди иштирокдорон гардид.
Маврид ба зикр аст, ки имрӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ Рӯзи даъватшаванда дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1993-2002 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ роҳандозӣ гардид.
Даъвати ҷавонон аз муҳимтарин маъракаҳои сиёсӣ ба ҳисоб рафта, он дар саросари мамлакат бо баргузории ҳамоишҳои тантанавӣ таҳти унвони «Рӯзи даъватшаванда» баргузор шуд.
Бояд гуфт, ки ҳимояи Ватан вазифаи ҳар шаҳрванд буда, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонмардон мактаби далериву мардонагист.
Сол аз сол зиёд гардидани шумораи ҷавонписарони шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ки ихтиёран барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шомил мегарданд, шоистаи таҳсин аст.
Дар рӯзи аввали даъвати баҳорӣ 415 нафар ҷавонони шаҳри Душанбе ба таври ихтиёрӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҳозир шуданд.