ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №219 АЗ 01.04.2020
Дар бораи ҷамъбасти натиҷа ва ҳавасмандгардонии ғолибони озмунҳои касбии соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе
Бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 23 майи соли 2012, №262 “Дар бораи дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддӣ – маънавии кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе” ва мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 7 Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
ҚАРОР МЕКУНАМ:
- Протокол ва ҳисобномаи ҳавасмандгардонии молиявии ғолибони озмунҳои касбии соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе «Беморхонаи сол», «Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол», «Табиби сол», «Табиби оилавии сол» ва «Корманди миёнаи тибби сол», ки ғолибони озмунро муайян намудааст, тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шаванд.
- Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе тибқи замимаи 2 аз ҳисоби сарфаи маблағҳои соҳаи тандурустӣ 34 000 (сивучор ҳазор) сомонӣ ба муҳосиботи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе барои сарфароз гардонидани ғолибони озмунҳо ҷудо намояд.
- Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ҷиҳати дар фазои тантанавӣ бо мукофотҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонидани ғолибони озмун чораандешӣ намоянд.
- Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.
- Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ