Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №221 АЗ 7.04.2020

08 Апрели 2020, Чоршанбе

Дар бораи ҳавасмандгардонии ғолибони озмунҳои шаҳрии “Мураббии сол”, “Омӯзгори  сол” ва “Хонандаи сол” дар шаҳри Душанбе 

Бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддӣ – маънавии кормандони соҳаи маориф ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт ва иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 12 декабри соли 2018, №788 “Дар бораи тасдиқи низомномаҳои озмунҳои касбии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе”,  моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”,  мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”, 

ҚАРОР МЕКУНАМ : 

  1. Протоколи озмунҳои шаҳрии “Мураббии сол”, “Омӯзгори сол” ва “Хонандаи сол”, ки ғолибон ва иштирокчиёни озмунро муайян намудааст, тибқи замимаҳои 1, 2 ва 3 тасдиқ карда шавад.
  2. Ҳисобномаи ҳавасмандгардонии молиявии ғолибони озмунҳои касбии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе “Мураббии сол”, “Омӯзгори сол” ва “Хонандаи сол” тибқи замимаи 4 тасдиқ карда шавад.
  3. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе тибқи ҳисобномаи замимаи 4 аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети соҳаи маориф пешниҳод шуда 16 660 (шонздаҳ ҳазору шашсаду шаст) сомонӣ ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе барои сарфароз гардонидани ғолибони озмунҳо ҷудо намояд.
  4. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М., шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷиҳати дар фазои тантанавӣ бо мукофотҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонидани ғолибони озмунҳои касбии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе чораандешӣ намоянд.
  5. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намояд.
  6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад. 

      Рустами Эмомалӣ    

Илова кунед