ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №234 АЗ 9.04.2020
Дар бораи баргузор намудани Фестивали “Чакомаи гесу” дар шаҳри Душанбе
Бо мақсади иҷрои банди 3 Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2020, №АП-1332 тасдиқ гардидааст, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”
ҚАРОР МЕКУНАМ:
- Нақшаи чорабиниҳои баргузории Фестивали “Чакомаи гесу”, ҳайати Кумитаи тадорукот ва ҳисобномаи хароҷотии он тибқи замимаҳои 1, 2 ва 3 тасдиқ карда шаванд.
- Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои мазкур ва дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявӣ баргузор намудани Фестивали “Чакомаи гесу” якҷо бо ҳайати Кумитаи тадорукот тибқи низомномаи он, ки аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2020, №29 тасдиқ шудааст, тадбирҳои дахлдорро амалӣ намоянд.
- Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ маблағи 5350 (панҷ ҳазору сесаду панҷоҳ) сомониро тибқи замимаи 3 ба суратҳисоби Раёсати кор бо занон ва оила ҷудо намояд.
- Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе” ва рӯзномаи “Паёми Душанбе” инъикоси васеи қарори мазкур ва рафти баргузории чорабиниро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.
- Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ