Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №252 АЗ 13.04.2020

14 Апрели 2020, Сешанбе

Дар бораи баргузор намудани даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 

Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №АП-1335 аз 5 феврали соли 2020 ҷиҳати дар  сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ ва бадеӣ баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» 

Қ А Р О Р   М Е К У Н А М: 

  1. Ҳайати Кумитаи тадорукот оид ба баргузории даври шаҳрӣ ва ҳайати ҳакамони даври якуми озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шаванд.
  2. Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати баргузории озмун чораҳои дахлдорро амалӣ намоянд.
  3. Даври якум ва дуюми озмун тибқи муқаррароти Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №АП-1335 аз 5 феврали соли 2020 тасдиқ гардидааст, ташкилу баргузор карда шавад.
  4. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе тибқи замимаи 3 ба муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе барои сарфарозгардонии ғолибони озмун ва хароҷоти вобаста ба он маблағи 120600 (яксаду бист ҳазору шашсад) сомонӣ ҷудо намояд.
  5. Бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе истифодаи мақсаднок ва пардохти маблағи ҷудогардидаро тибқи тартиб таъмин намояд.
  6. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи қарори мазкур ва рафти озмунро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.
  7. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.
  8. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 Рустами Эмомалӣ

Илова кунед