ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲОИ КАСБИИ СОҲАВИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУАЙЯН ШУДАНД

18 Апрели 2020, Шанбе

ш.Душанбе. 18.04.2020. Имрӯз ба муносибати Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе барандагони стипендияи Раиси шаҳр - хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии пойтахт бо стипендияҳои Раиси шаҳри Душанбе ҳавасманд гардиданд.

Бояд зикр намуд, ки тайи 9 моҳи соли хониш ба ҳар нафар гирандагони Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе моҳе 300 сомонӣ, ҷамъан ба ҳар нафар маблағи 2700 сомонӣ тақдим мегардад.

Ҳамзамон дар ин рӯз ба ғолибони озмунҳои касбии соҳавӣ низ, ки то имрӯз гузаронида шудаанд, ҷоизаҳои шаҳрдорӣ супорида шуд.

Дар ин росто дар соҳаи маориф мураббии Муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 72-и шаҳри Душанбе Қудратова Марҳабо ғолиби даври шаҳрии озмуни «Мураббии сол-2019» дониста шуда, бо маблағи 6000 сомонӣ ва диплом сарфароз гардид.

Омӯзгори Муассисаи давлатии таълимии "Мактаби байналмилалии Президентӣ"-и шаҳри Душанбе Раҳимов Саидкарим Абдулманонович барои ғолибият дар озмуни "Омӯзгори сол-2019" бо маблағи 6000 сомонӣ ва диплом қадрдонӣ гардид.

Дар озмуни «Хонандаи сол-2019» бошад, ҷоиза дар ҳаҷми 4000 сомонӣ ва диплом ба хонандаи Муассисаи давлатии  таълимии литсейи №3 барои хонандагони лаёқатманди шаҳри Душанбе Дилноза Азимова  супорида шуд.

Дар ин рӯз ғолибони озмунҳои касбии соҳаҳои тандурустии шаҳри Душанбе “Беморхонаи сол-2019”, “Муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии сол-2019”, “Табиби сол-2019”, "Табиби оилавии сол-2019” ва “Корманди миёнаи тибби сол-2019” муайян гардиданд.

Дар ин бахш коллективи кормандони Муассисаи давлатии “Беморхонаи шаҳрии бемориҳои сили кӯдакона” ғолиби озмуни “Беморхонаи сол-2019” дониста шуда, бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ сарфароз гардонида шуд.

Коллективи кормандони Муассисаи давлатии “Маркази саломатии шаҳрии №9” ғолиби озмуни “Муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии сол” эълон гардида, бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ, ғолиби озмуни “Табиби сол-2019” - Табиби педиатри (сармутахассиси ғайривоҳидии Раёсати тандурустӣ, муовини сартабиб оид ба ёрии таъҷилӣ)-и Маркази тиббии шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ Раҳимов Раҳим Саидович бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми  5 000 сомонӣ, ғолиби озмуни “Табиби оилавии сол-2019” - Табиби оилавии Муассисаи давлатии “Маркази саломатии шаҳрии №1" Шодиева Шарифа Валиевна бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5 000 сомонӣ ва ҳамшираи тиббии Муассисаи давлатии “Маркази саломатии шаҳрии №7" Зардова Наҷиба Зоирбековна ғолиби озмуни “Корманди миёнаи тибби сол-2019” эълон гардида, бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 4 000 сомонӣ қадрдонӣ шуданд.

Ғолиби озмуни «Беҳтарин нозири минтақавии сол» майори милитсия, нозири минтақаи хизматии маъмурии №6 шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи И.Сомонӣ Мирзоев Фируз Назриддинович бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 15 000 сомонӣ, барои дарёфти ҷойи дуюм майори милитсия, нозири минтақаи хизматии маъмурии №13 шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ-1 Мусозод Фаррух Назир бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 12 000 сомонӣ ва барандаи ҷойи сеюм майори милитсия, сардори минтақаи хизматии маъмурии №14 шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ-1 Шарифзода Абдусаттор Саид дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ қадрдонӣ шуда, бо Шаҳодатномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардиданд.

Фаъолияти самрабахши нафароне, ки шабонарӯзӣ дар тозаву озода нигоҳ доштани пойтахти азизамон шаҳри Душанбе заҳмат мекашанд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе низ қадрдонӣ карда шуданд.

Кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе Шамсиддинова Парвина Айниддиновна, Газиева Сайниссо Саидбеговна, Суюнова Шоира Атақуловна ва Қосимова Мукаррам Худойбердиевна ҳар кадоме бо маблағи 5000 сомонӣ ҳавасманд гардонида шуданд.

Илова кунед