РӮЗҲОИ САНИТАРӢ ДАР БОЗОРҲОИ ФУРӮШИ ЛИБОСАИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

08 Майи 2020, Ҷумъа

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади ҳифзи тандурустии сокинони пойтахт аз пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) қатъ намудани  фаъолияти ҳамаи бозорҳои фурӯши либосаи шаҳрро, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ то 31 майи соли 2020 тамдид намуд.

Сохторҳои дахлдори шаҳрдорӣ вазифадор шудаанд, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарони ҳамаи бозорҳои фурӯши либоса дар ин муддат корҳои безараргардонӣ ва дезинфексиониро мунтазам амалӣ намоянд.

 

Илова кунед