ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №300 АЗ 18.05.2020
Дар бораи Тартиб ва меъёрҳои пардохт барои додани иҷозати сохтмони бино ва иншоот дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе
Бо мақсади рушди босуботи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе ва ҷалби бештари сармоягузорӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ, бо инобати мактуби Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 14 майи соли 2020, №1130 ва хулосаи шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаҳои 1, 5, 82(2)-82(7) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»,
Қ А Р О Р М Е К У Н А М:
- Тартиб ва меъёрҳои пардохт барои додани иҷозати сохтмони бино ва иншоот дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шаванд.
- Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе якҷо бо Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе ва Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои талаботи тартиб ва меъёрҳои мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
- Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 16 апрели соли 2019, №219 «Дар бораи Тартиб ва меъёрҳои пардохт барои додани иҷозати сохтмони бино ва иншоот дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шахри Душанбе» аз эътибор соқит дониста шавад.
- Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳр муҳтавои қарори мазкурро тавассути ахбори омма инъикос намояд.
- Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.
- Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе вогузор карда шавад.
Рустами Эмомалӣ