РӮЗҲОИ САНИТАРӢ ДАР ЯК ҚАТОР МУАССИСАҲОИ ХИЗМАТРАСОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади ҳифзи тандурустии сокинони пойтахт аз пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) қатъ намудани фаъолияти ҳамаи бозорҳои фурӯши либоса, кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши телефон ва шустушӯи автомобилҳоро, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ то 15 июни соли 2020 тамдид намуд.
Сохторҳои дахлдори шаҳрдорӣ вазифадор гардиданд, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарон ва масъулини бозорҳои фурӯши либоса, кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши телефон ва шустушӯи автомобилҳо дар ин муддат корҳои безараргардонӣ ва дезинфексиониро мунтазам амалӣ намоянд.
Ҳамчунин, бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати мусоидат намудан дар масъалаҳои қарзию фоизии бонкии соҳибкорон ба унвони Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуби расмӣ ирсол намуд.