Тоҷикӣ

ФАЪОЛИЯТИ ГУРӮҲҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ВОБАСТА БА ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ СИРОЯТИ КОРОНАВИРУС - COVID-19 ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

03 Июни 2020, Чоршанбе

ш.Душанбе. 03.06.2020. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати анҷоми корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ вобаста ба пешгирӣ аз паҳншавии сирояти ҳамагири коронавирус  - COVID-19, иҷрои қоидаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла истифодаи ниқобҳои яккарата, риояи фосилаи иҷтимоӣ ва бе зарурат аз хона набаромадан гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудааст.

Гурӯҳҳои корӣ дар асоси дастури Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҳисоби намояндагони сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ноҳияҳо ва ҷавонон (волонтёрон) ҷиҳати бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ - дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бозорҳо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакона вобаста ба пешгирӣ аз паҳншавии сирояти ҳамагири коронавирус - COVID-19 ва истифодаи ниқобҳои яккарата, инчунин риояи фосилаи иҷтимоӣ ташкил гардидаанд.

Дар ин замина, нахуст мулоқоти роҳбарияти шаҳри Душанбе бо роҳбарони гурӯҳҳои корӣ доир гардида, ҷиҳати корбарии муташаккилона ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани фаъолияти ҳамгироӣ дастурҳои мушаххас дода шуд.

Дар маҷмӯъ, дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе 45 гурӯҳи таблиғотӣ-фаҳмондадиҳӣ иборат аз 235 нафар кормандони соҳаҳои гуногуни шаҳрдорӣ ташкил шуда, ба маҳаллҳои сернуфуз ва ҷойҳои ҷамъшавии одамон сафарбар гардидаанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар рӯзи аввали кори гурӯҳҳои фаҳмондадиҳӣ дар чор ноҳияи пойтахт дар маҷмӯъ бо 1790 нафар аҳолӣ-намояндагони табақаҳои гуногуни ҷомеа, ки дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ва бозору марказҳои савдо бе ниқобҳои яккарата гашту гузор мекарданд, ҷиҳати пешгирӣ аз сирояти ҳамагири коронавирус - COVID-19 корҳои таблиғотӣ-фаҳмондадиҳӣ сурат гирифта, ба онҳо оид ба риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ, роҳҳои пешгирӣ ва табобати беморон дар шароити хона ва дигар масъалаҳои марбут ба пешгирӣ аз сирояти коронавирус - COVID-19 маслиҳатҳои муфид дода шуд.

Бояд тазаккур дод, ки аъзои гурӯҳ рӯзи нахустини фаъолият - 2 июни соли ҷорӣ дар доираи корҳои фаҳмондадиҳӣ ба 1790 нафар шаҳрвандон ниқобҳои муҳофизатии яккарата ва маводи таблиғотӣ - тавсияҳои Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ва мутахассисони кишварро оид ба риояи қоидаҳои пешгирӣ аз паҳншавии сирояти ҳамагири коронавирус - COVID-19 тақдим карданд.  

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҳамаи сокинон ва меҳмонони пойтахт эҳтиромона даъват ба амал меорад, ки масъалаҳои истифодаи ниқобҳои яккарата, маҳлулҳои безараркунанда (антисептик) ва фосилаи иҷтимоиро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ риоя намуда, бе зарурат аз хона набароянд.

Фаъолияти гурӯҳҳои корӣ дар ин самт идома дорад.

 

 

 

Илова кунед