ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №327 АЗ 09.06.2020
Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳои омодагии муташаккилона ҷиҳати баргузор намудани омӯзиши даъвати навбатии тирамоҳии шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1993-2002 ба хизмати ҳарбӣ дар соли 2020
Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ, муташаккилона барузор намудани мавсими даъвати навбатии тирамоҳии соли 2020, татбиқи банди 22 Низомномаи мақомоти маҳаллии идоракунии ҳарбӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2018, №621 тасдиқ шудааст ва банди 1 нақша чорабиниҳо оид ба омодагӣ ба даъвати шаҳрвандони солҳои таваллуди 1993-2002 ба хизмати ҳарбӣ дар моҳҳои октябр-ноябри соли 2020, ки бо фармони Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 майи соли 2020 тасдиқ карда шудааст, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа»,
ҚАРОР МЕКУНАМ:
Нақшаи чорабиниҳои омодагии муташаккилона ҷиҳати баргузор намудани омӯзиши даъвати шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1993-2002 ба хизмати ҳарбӣ дар соли 2020 тибқи замима тасдиқ карда шавад.
- Муовини Раиси шаҳри Душанбе Гуреззода У. раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе Усмонзода Ф.Б., Билол И., Самӣ Ш.Ҳ., Салимзода Н. ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор иҷрои саривақтии накшаи мазкурро таъмин намоянд.
- Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, Раёсати тандурустӣ ва Комиссариати ҳарбии шаҳри Душанбе:
- омӯзиши шаҳрвандони синну соли даъватиро ба роҳ монда, шумораи дақиқи даъватшавандагонро муайян намоянд;
- ҷиҳати ба хизмати ҳарбӣ сафарбар намудани даъватшавандагон то санаи 25 сентябри соли 2020 барои гузаштани муоинаи пешакии тиббӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, даъватшавандагоне, ки гирифтори бемориҳои табобатшавандаанд, дар якҷоягӣ бо марказҳои табобатию солимгардонӣ чораҳои зарурӣ андешанд;
- тибқи тартиби муқарраргардида, баҳри дар сатҳи баланд ташкил намудани даъвати навбатии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ маблағҳои заруриро барои харидорӣ намудани маводҳои лозима (либос, маводҳои гигиенӣ, дафтардорӣ) ҷудо намоянд;
- барои саривақт ва босифат таъмин намудани маъракаи муҳими сиёсӣ даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ то 30% нақшаи даъватро таъмин намоянд;
- бо дархости комиссарони ҳарбии ноҳияҳои шаҳри Душанбе раисони маҳаллаҳо вазифадор карда мешаванд, ки тибқи китоби бақайдгирии хоҷагидорӣ, руйхати аниқи ҷавонони синну соли даъватиро дар муҳлатҳои кутоҳтарин барои омӯзиш пешниҳод намоянд;
- муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёни касбӣ, корхонаҳо, марказҳои савдо ва хизматрасониҳо новобаста аз шакли фаъолияташон баҳри муташаккилона сафарбар намудани ҷавонписарони синну соли даъватӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
- Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шахри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» муҳтавои қарори мазкур ва рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳоро тариқи воситаҳои ахбори омма васеъ инъикос намоянд.
- Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Гуреззода У. вогузор карда шавад.
Рустами Эмомалӣ