Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №368 АЗ 28.06.2019

28 Июни 2019, Ҷумъа

Дар бораи гузаронидани озмунҳои шаҳрии «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин»

Бо мақсади иҷрои банди 34 нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2019, №АП-1176 тасдиқ шудааст ва инчунин сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

                                                                                ҚАРОР МЕКУНАМ:

  1. Ҷиҳати муайян намудани беҳтарин маҳалла ва кӯча бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунҳои шаҳрии «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» гузаронида шуда, он дар арафаи таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст карда шавад.
  2. Ҳайати Комиссияи шаҳрӣ барои муайян намудани ғолибони озмунҳои «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин», Низомномаи гузаронидани озмун ва меъёрҳои муайян намудани маҳалла ё кӯчаи беҳтарин тибқи замимаҳои 1, 2 ва 3 тасдиқ карда шавад.
  3. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи ноҳия баргузор намудани ҳамин гуна озмунҳо ва то 20 августи ҳама сола ҷамъбаст намудани натиҷаҳои он тадбирҳои зарурӣ андешанд.
  4. Комиссияи шаҳрӣ натиҷаҳои озмунҳоро бо дарназардошти номзадҳои аз тарафи комиссияҳои ноҳиявӣ пешниҳодгардида то 1 сентябри ҳар сол ҷамъбаст намояд.
  5. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои барои иҷрои вазифаҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати мукофотонидани ғолибони озмунҳои шаҳрии «Маҳаллаи беҳтарин» - 12 000 (дувоздаҳ ҳазор) сомонӣ (барои ҷойи якум 6 000, ҷойи дуюм- 4 000 ва ҷойи сеюм 2 000 сомонӣ) ва «Кӯчаи беҳтарин» -12 000 (дувоздаҳ ҳазор) сомонӣ( барои ҷойи якум 6 000, ҷойи дуюм- 4 000 ва ҷойи сеюм 2 000 сомонӣ) дар соли 2019 ҷудо намуда, дар солҳои 2020 ва 2021 маблағҳои заруриро таъмин намояд. 
  6. Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳаи ободонӣ ва бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе барои дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври тантанавӣ ба ғолибони озмунҳо супоридани мукофоти пулӣ ва Дипломи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо зикри соли баргузории озмун, навиштаҷоти «Маҳаллаи беҳтарин» ё «Кӯчаи беҳтарин»  ва барои иштироки фаъолона дар озмун «Сипоснома»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, тадбирҳои зарурӣ андешанд.
  7. Раёсати иттилоот ва робитаҳои ҳориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи қарори мазкур ва рафти баргузории озмунро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.
  8. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 

Рустами Эмомалӣ

Илова кунед