МУВАҚҚАТАН ҚАТЪ ГАРДИДАНИ ИНТИҚОЛИ ОБИ НӮШОКӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

30 Июли 2020, Панҷшанбе

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба иттилои сокинон ва меҳмони пойтахт мерасонад, ки бо мақсади корҳои таъмирию азнавсозӣ ва тайёрӣ ба мавсими тирамоҳу зимистонгузаронӣ пайваст намудани шоҳқубури хобонидашудаи қутраш 1200 мм ба шоҳқубури амалкунанда дар хиёбони Ҳ.Шерозӣ зарурият пеш омада, дар ҷараёни иҷрои корҳои ба нақша гирифташуда интиқоли оби нӯшокӣ дар кӯчаҳои А.Мухторов, Камола, Нодира, Хуҷамбиёи боло, Хуҷамбиёи поён, Шафақи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, маҳаллаҳои  Шодоб ва Арғувони ноҳияи Сино аз соати 2200 рӯзи 3 август то соати 2300 рӯзи 4 августи соли 2020 қатъ мегардад.

Тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе аз 28 июли соли 2020, №387 раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» муваззаф гардиданд, ки дар ин давра бо истифода аз мошинҳои обкашӣ, сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

Илова кунед