ЭЪЛОН:ИФТИТОҲИ ХАТСАЙРИ НАВИ АВТОБУСӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

05 Августи 2020, Чоршанбе

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки шуруъ аз санаи  10-уми августи соли 2020 хатсайри нави автобусии №41 (Дарвозаи Ғарбӣ-Бозори Кушониён) ба фаъолият оғоз менамояд. Автобусҳо дар хатсайри мазкур тавассути хиёбону кӯчаҳои Нусратуло Махсум, А. Навоӣ, Карамов , хиёбонҳои Рудакӣ ва Ҳ. Шерозӣ ҳаракат менамояд.

Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки аз хизматрасонии автобусҳои муосири тамғаи “АКИА” истифода баранд.

Пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.

Илова кунед