Тоҷикӣ

ИФТИТОҲИ ЯРМАРКАИ ФУРӮШИ ЛИБОС ВА ЛАВОЗИМОТИ МАКТАБӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

06 Августи 2020, Панҷшанбе

ш.Душанбе. 06.08.2020. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳудуди Боғи фарҳангу фароғатии "Куруши Кабир"-и пойтахт ярмаркаи фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ ба кор оғоз намуд.

Ярмаркаи мазкур дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 15 июли соли 2020, №376 бо дарназардошти фарорасии соли хониши солҳои 2020-2021 ва дастрасии аҳолӣ ба либос ва лавозимоти мактабӣ гузаронида мешавад.  

Дар ярмарка беш аз 20 корхонаву тавлидгоҳҳои истеҳсолии пойтахт ва теъдоди зиёди соҳибкорони ватанӣ бо пешниҳоди намудҳои муайяншудаи сару либос ва лавозимоти мактабӣ иштирок карданд.

Корхонаҳои тавлидӣ ва соҳибкорони ватанӣ ба мизоҷон баробари сару либос, инчунин пойафзол, ҷӯроб, лавозимоти мактабӣ ва дигар ашёҳои лозимаро, ки ба хонандагон  дар ҷараёни хониш заруранд, пешниҳод намуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар миқёси пойтахт иқтидори корхонаҳои дӯзандагӣ баҳри пурра таъмин намудани хонандагон бо либоси мактабӣ басанда буда, имконияти истеҳсоли либоси мактабӣ дар корхонаҳо дар давоми сол ба таври комил фароҳам оварда шудааст ва хонандагон ба пуррагӣ бо маҳсулоти воридотивазкунандаи хушсифат таъмин мегарданд.

Дӯхти либоси мактабӣ  аз ҷониби корхонаҳои дӯзандагӣ дар асоси талаботи Дастурамали либосҳои тавсияӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм таҳия шудааст, роҳандозӣ карда мешавад.

Инчунин, бо мақсади ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти босифат аз ҷониби Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон стандарти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Либосҳои мактабӣ – шартҳои умумии техникӣ» бо қайди давлатӣ СТ ҶТ 1110-2018 таҳия гардида, ба корхонаю коргоҳҳои соҳа ҷиҳати дар асоси он истеҳсол намудани молу маҳсулоти худӣ пешниҳод карда шудааст.

Дар ҷараёни кори ярмарка бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба 155 нафар ятимони кулл - таълимгирандагони муассисаҳои таълимии пойтахт сару либос ва лавозимоти мактабӣ тақдим гардид.

Бо дарназардошти вазъияти имрӯзаи эпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии ҳамагуна бемориҳои сироятӣ ва хоса пандемияи "КОВИД-19" ярмаркаи фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ бо риояи меъёрҳои мунтазами безараргардонӣ, назорати риояи фосилаи иҷтимоӣ, қоидаҳои санитарию зиддиэпидемиявӣ ва гигиенӣ, бо ташкил намудани долонҳои безараргардонӣ, истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ ва ҳароратсанҷи масофавӣ ба роҳ монда шудааст.

Ярмаркаи фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ дар ҳудуди Боғи фарҳангу фароғатии "Куруши Кабир" -и шаҳри Душанбе ҳамарӯза аз соати   9:00 то 19:00   амал мекунад  

Чунин ярмаркаҳо дар чор ноҳияи пойтахт низ ташкил гардида, то  оғози соли нави хониш фаъолият мекунанд.  

 

 

Илова кунед