ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №428 АЗ 21.08.2020

21 Августи 2020, Ҷумъа

Дар бораи андешидани чораҳои иловагӣ оид ба таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёти автомобилӣ дар доираи лоиҳаи иншооти «Сохтмони селпарто аз маҳаллаи Нодира то дарёи Варзоб» 

Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ҳангоми гузаронидани корҳои сохтмону азнавсозӣ дар доираи лоиҳаи иншооти «Сохтмони селпарто аз маҳаллаи Нодира то дарёи Варзоб», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 14 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 14 ва 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ», моддаҳои 10, 20 ва 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ»   

ҚАРОР МЕКУНАМ: 

  1. Бо инобати анҷом додани корҳои сохтмонӣ дар роҳи автомобилгарди хиёбони Рӯдакӣ – маҳаллаи Нодираи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз 25 то 29 августи  соли 2020 ҳаракати нақлиёти автомобилӣ, муваққатан қатъ карда шавад.
  2. Вобаста ба муқаррароти банди 1 қарори мазкур Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон», шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе самти ҳаракати нақлиёти автомобилии мусофирбарро, ки аз хиёбони Рӯдакӣ – маҳаллаи Нодираи ноҳияи Исмоили Сомонӣ мегузарад, ба воситаи кӯчаҳои ҳамшафат муайян намуда, дар нақшаи хатсайрҳои нақлиёти автомобилии мусофирбар таѓйироти дахлдор ворид намоянд.
  3. Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе» ва пудратчии асосӣ - Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Сохтмон Таъмир», вобаста ба таѓйири самти ҳаракати нақлиёт дар мувофиқа бо шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гузоштани аломатҳои роҳ ва дигар лавҳаҳои иттилоотию огоҳкунандаро барои ронандагони воситаҳои нақлиёт таъмин намоянд.
  4. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои ҳамшафат тадбирҳои мушаххас андешад. 
  5. Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе» барои танзими алоқаи мунтазами нақлиётӣ дар қитъаи роҳи иншооти мазкур, инчунин бе монеа даромадани воситаҳои нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ, милитсия ва хадамоти оташнишонӣ ба минтақаҳои атрофи иншооти сохташаванда  ҷораҳои зарурӣ андешад.
  6. Аз роҳбарони идора, ташкилот, муассиса, корхона ва субъектҳои хоҷагидорие, ки дар шаҳри Душанбе фаъолият доранд, хоҳиш карда шавад, ки бобати ҳалли масъалаҳои марбут ба хатҳои муҳандисии иншооти мазкур ба фармоишгар - Муассисаи давлатии  «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе» ҳамаҷониба мусоидат намоянд.
  7. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.
  8. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М. вогузор карда шавад.

                                                                               РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

Илова кунед