Тоҷикӣ

ЭЪЛОН: ТАНЗИМИ ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР ХАТСАЙРҲОИ НАҚЛИЁТИ МУСОФИРБАРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

25 Августи 2020, Сешанбе

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки баъд аз ба истифода додани роҳи сесатҳа (эстакада) дар буриши ҳалқаи хиёбони И.Сомонӣ бо хиёбони А.Сино шурӯъ аз санаи 26-уми августи соли 2020 хатсайри троллейбусии №12 (Маркази савдои “Тоҷикистон (ЦУМ)-маҳаллаи Гулбутта) ба фаъолият оғоз менамояд. Ҳаракати троллейбусҳо дар хатсайри мазкур тавассути хиёбонҳои И. Сомонӣ, А. Сино, С. Шерозӣ ва Н. Қарабоев ба роҳ монда мешавад.

Аз ин лиҳоз, аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки аз хизматрасонии троллейбусҳо истифода баранд.

Пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ роҳандозӣ мешавад.

Илова кунед