Тоҷикӣ

ИФТИТОҲИ КӮДАКИСТОНИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ “МАКТАБИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ”

01 Сентябри 2020, Сешанбе

шаҳри Душанбе, 01.09.2020. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Моёншо Назаршоеви ноҳияи Шоҳмансур бинои хуштарҳу замонавии Кӯдакистони Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Муассисаи нави томактабӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Шералӣ Холов дар заминаи дастгирӣ аз ташаббусҳои давлату Ҳукумати мамлакат ба истиқболи ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар кӯдакистон соли 2019 дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе оғоз гардида буд ва инак дар рӯзҳои таҷлил аз 29-умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун туҳфаи арзишманди давлату Ҳукумати мамлакат барои насли наврас бо сифати баланд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Фармоишгари иншоот Ҷамъияти саҳҳоми пӯшидаи “Тоҷик кейтеринг сервис” буда, корҳои паймонкории биноро Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Обшорон” ба анҷом расондааст.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ 60 нафар бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин буданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба масъулон барои истифодаи пурсамар  аз  имконоту шароити мусоиди фароҳамгардида дар бинои нави таълимӣ дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.  

Кӯдакистон аз 2 бинои 3 ошёна бо таҳхона барои 120 нафар иборат буда, дорои 6 синфхона ва як қатор ҳуҷраҳои дигари ёрирасон аст.

Ҳамаи шаш синфхонаи кӯдакистон аз ҳуҷраи либосивазкунӣ, синфхона, хобгоҳ, ҷойи дастурӯйшӯӣ ва ҳуҷраи мураббӣ иборат буда, ҳар яки он дорои шароити мукаммали таълиму тарбия мебошад.

Дар ин даргоҳи маърифат барои ҷалби 40 кӯдак дар гурӯҳи калони томактабӣ, 40 нафар дар гурӯҳи миёнаи томактабӣ ва 40 нафар дар гурӯҳи хӯрд ба таълими ҳамаҷониба имкони пурра мавҷуд аст.

Омӯзиш дар кӯдакистон бо забони англисӣ ба роҳ монда шуда, барои таълиму тарбияи насли наврас мураббияҳои соҳибтаҷрибаю донандагони хуби забони англисӣ ба кор ҷалб гардидаанд.

Дар маҷмӯъ дар ин даргоҳи нави таълимӣ 33 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд.

Бинои замонавии муассисаи томактабӣ бо дарназардошти меъёрҳои мавҷуда сохта шуда, ҳангоми даромад ба бино дар он роҳрави алоҳидаи махсус барои афроди дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ низ бунёд гардидааст.

Кӯдакистон дорои лифт ва хати алоҳидаи барқу трансформатор мебошад.

Бинои нави таълимӣ бо тамоми таҷҳизоти муосири омӯзишӣ, техникӣ ва бехатарӣ таъмин аст ва роҳравҳои дохили иншоот бо расмҳои қаҳрамонони афсонаҳои кӯдакона ҳамаҷониба оро ёфтаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия дар ин даргоҳи маърифат бо тарбиятгирандагон  суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, ба онҳо тӯҳфаҳо тақдим намуданд.

Дар кӯдакистони нав бо мақсади ҷалби кӯдакону наврасон ба зебоипарастӣ, фарҳангдӯстӣ ва солимгардонӣ толорҳои мусиқию варзишӣ  ва  синфхонаи гимнастикӣ низ барои ҳамаи кӯдакон таъсис ёфтааст.

Боғча ҳамзамон дорои нуқтаи тиббӣ, ҳуҷраи методӣ ва ду ошхонаи барҳаво бо системаи дастраскунии молу ашё ва хӯрок аз поён ба боло мебошад.

Президенти  мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулону мураббияҳо бинои хуштарҳу замонавии кӯдакистонро туҳфаи арзишманди давлату Ҳукумати мамлакат дар рӯзҳои таҷлил аз 29-умин солгарли истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод карда, даъват ба амал оварданд, ки барои тарбияи кӯдакону наврасон дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ бо истифода аз имконоту шароити фароҳамгардида тамоми малакаю маҳорати худро равона созанд.

Дар саҳни боғчаи нав 4 айвонча низ бо талаботи муосири баргузории машғулиятҳо сохта шуда, майдончаи ҳавлии кӯдакистон ҳам барои гузаронидани бозиҳои гуногун ва ҷалби наврасон ба солимгардонӣ хеле мувофиқ мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо имконоти фароҳамгардидаи таълиму тарбияи насли наврас дар кӯдакистон ба соҳибкори ватанӣ барои дастгирии ташаббусҳои созандаю бунёдкоронаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Амалисозии ингуна иқдомҳои наҷиб омили муҳим дар роҳи татбиқи босифату босамари “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014 -2020” мебошад.

Атрофи бино дар масоҳати 110 метри мураббаъ кабудизор гардида, нишастгоҳҳо низ гузошта шудааст.

Намои биноро шабонгоҳ чароғҳои гуногун зиннат мебахшанд.

 

Илова кунед