ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №329 АЗ 06.06.2019
Дар бораи баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар шаҳри Душанбе
Бо мақсади иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ноябри соли 2018 №АП-1127 бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ ва бадеӣ баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Қ А Р О Р М Е К У Н А М :
1. Ҳайати комиссияи шаҳрӣ оид ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» тибқи замимаи 1 тасдиқ карда шавад.
2. Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимиятидавлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати баргузории озмун чораҳои дахлдорро амалӣ намоянд.
3. Даври якум ва дуюми озмун тибқи муқаррароти Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ноябри соли 2018 №АП-1127 тасдиқ гардидааст, ташкилу баргузор карда шавад.
4. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои махсуси дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе барои сарфароз гардонидани ғолибони озмун тибқи ҳисобномаи замимагардида маблағи 31200 (сию як ҳазору дусад) сомонӣ ҷудо намояд.
5. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи қароримазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.
6. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод кардашавад.
7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳагузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ