ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №341 АЗ 15.06.2019
Дар бораи эълони озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ оид ба таҳияи беҳтарин лоиҳаи «Маҷмааи об» дар шаҳри Душанбе
Бо мақсади иҷрои банди 4 супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2019, №сод-585 ва нақша чорабиниҳо оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ҷиҳати эълон намудани озмуни шафофу рақобатпазир, баҳри дарёфт ва интихоби беҳтарин лоиҳаи «Маҷмааи об» дар шаҳри Душанбе, мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаҳои 14 ва 24 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР МЕКУНАМ:
1. Озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанӣ барои таҳияи беҳтарин лоиҳаи «Маҷмааи об» дар шаҳри Душанбе аз 1 июни соли 2019 то 20 сентябри соли 2019 бо ҷамбасти он на дертар аз 25 сентябр соли 2019, тавассути нашрияҳои ҷумҳуриявию маҳалӣ ва шабакаҳои интернетӣ эълон ва шартҳои замимагардидаи озмуни мазкур тасдиқ карда шавад.
2. Комиссияи озмунии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳайати замимагардида таъсис ва ҳамзамон вазифадор карда шавад, ки баргузорӣ ва ҷамъбасти озмуни кушодро дар муҳлати зикргардида тибқи талаботи шартҳои озмун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ гардонад.
3. Аз Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда шавад, ки ҷиҳати ҷалби беҳтарин меъморони ватанию хориҷӣ мусоидат намояд.
4. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе ҷиҳати мукофото-нидани ғолибони озмун тибқи замимаи 2 қарори мазкур, аз ҳисоби маблағҳои озод чораҳои зарурӣ андешад.
5. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳакимзода А.У.) инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути васоити ахбори оммаи электорнию чопӣ таъмин намояд.
6. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳр Зувайдзода М.М. гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ