ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ МУШТАРАКИ ИСТЕҲСОЛИ ТЕХНИКАИ МАИШИИ «АРТЕЛ АВЕСТО ЭЛЕКТРОНИКС» ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

29 Сентябри 2020, Сешанбе

шаҳри Душанбе, 29.09.2020. Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар доираи сафари Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаи муштараки истеҳсоли техникаи маишии  «Артел Авесто Электроникс» ба истифода дода шуд, ки  дар маросими ифтитоҳи он Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри  Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов иштирок намуда, бо раванди истеҳсолот дар корхонаи муштарак шинос гардиданд.

Дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон моҳи августи соли 2018   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Артел»-и Ӯзбекистон  шинос гардида, барои ба роҳ мондани истеҳсолоти мазкур дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ҳавасмандӣ зоҳир намуда буданд. Бо мақсади иҷрои ҳидоятҳои Пешвои миллат байни ширкати ватании «Авесто Гурӯҳ» ва ширкати Ӯзбекистон «Artel Engineering and Management» ҷиҳати муайян намудани иқдомҳои минбаъда  гуфтушунидҳо   доир гардида, барои  ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар ин самт  мувофиқа ҳосил гардид. Дар натиҷаи  гуфтушунидҳои дуҷониба ва ташрифи роҳбарону мутахассисони ҳар ду ширкат якчанд маротиба ба шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд  қарор қабул гардид, ки   дар ҳамкорӣ бо ширкати ватании «Авесто Гурӯҳ» корхонаи муштарак таъсис  дода шавад.

Моҳи феврали соли 2019 корхонаи муштаркаи «Артел Авесто  Электроникс» дар шакли Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд бо иштироки ҳиссавии байни ду ширкат  дар  ҳаҷми 50/50- фоизӣ ташкил карда шуд.

Бояд гуфт, ки хати истеҳсолӣ, ки дар он  43 номгӯй таҷҳизот ва 129 комплекти мол ва ашё пешбинӣ карда шудааст, асосан аз кишварҳои Ӯзбекистон, Россия, Корея ва Чин таҳвил ва насб карда шудааст.

Дар доираи мувофиқаи шарикони тиҷоратӣ  раванди истеҳсолот  дар ду марҳила интихоб гардида, дар марҳилаи якум истеҳсоли ду намуди чангкашак ва чор намуди обгармкунак, дар марҳилаи  дуюми  истеҳсолӣ телевизор ва мошинаи либосшӯӣ истеҳсол карда мешавад. Алҳол марҳилаи якуми хати истеҳсолӣ ба фаъолият шурӯъ намуда,  чангкашак ва  обгармкунак  истеҳсол мегарданд.

Ба гуфтаи масъулини корхона, маҳсулоти истеҳсолшаванда  дорои муҳлати кафолати 3-сола мебошад, ки барои харидор ва истифодабаранда муфид арзёбӣ мегардад. Шумораи умумии кормандони корхонаи муштараки «Артел Авесто Электроникс»  дар ду марҳила беш аз 100 нафарро ташкил дода, музди маоши миёна  1500 сомониро ташкил хоҳад дод. Ҳамзамон 9 нафар  кормандони корхонаи муштарак  соли 2019  зарфи як моҳ дар шаҳри Тошканд  ба таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта шуда,  бо тартиби  идоракунии техника ва таҷҳизоти  хати истеҳсолӣ  ва истифодаи самараноки  ашёи хом  шинос гардиданд. Бояд гуфт, ки дар корхонаи муштарак ҷиҳати  ташкили шароити  муносиб  барои коргарону мутахассисон  ошхонаи барҳаво бо хӯроки  гарм, ҷой барои истироҳат муҳайё гардида, либоси махсуси корӣ, лавозимоти корӣ, бахусус бо дарназардошти вазъи кунунӣ тамоми кормандон бо ниқобҳои муҳофизатӣ ва маҳлулҳои безараргардонӣ таъмин гардидаанд.

Ба фаъолият оғоз намудани корхонаи муштараки истеҳсоли техникаи маишии «Артел Авесто Электроникс» дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ба раванди гузариши ҷумҳурӣ аз давлати аграрӣ-саноатӣ ба индустриалӣ–аграрӣ, инчунин  амалишавии «Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020», инчунин ба татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон — саноатикунонии мамлакат, ки аз ҷониби Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидааст, мусоидат менамояд. Ҳамзамон таъсиси корхонаи муштараки  «Артел Авесто Электроникс» ҷавобгӯи мувофиқаҳои роҳбарони олии ҳарду давлат буда, ба рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва таҳкими муносибатҳои дӯстиву бародарона ва ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон саҳми бориз мегузорад.

 

Илова кунед