“ҶОНИБДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ИНТИХОБОТ – КАФИЛИ САОДАТИ МАРДУМ ВА РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР”: ҲАМОИШИ ТАНТАНАВӢ

01 Октябри 2020, Панҷшанбе

шаҳри Душанбе. 01.10.2020. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пойтахт” ҳамоиши тантанавӣ таҳти унвони “Ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон дар интихобот – кафили саодати мардум ва рушди босуботи кишвар” баргузор гардид.

Дар кори нишаст намояндагон аз дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аъзои Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пойтахт” ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.

Тавре ба ҳамагон маълум аст, 11 октябри соли 2020 дар кишвари азизамон маъракаи муҳими сиёсӣ-Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ номзадии Роҳбари муаззами ҳизб, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пешбарӣ намудааст.

Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ Раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Пойтахт" Каримзода Насимҷон ифтитоҳ намуда, аз хизматҳои шоистаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ ёдовар шуданд.

Иштирокчиёни ҳамоиш зимни суханрониҳояшон аз саҳму нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду тараққии кишвари азизамон ёдовар шуда, зикр намуданд, ки  давлату ҳукумати кишвар таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба даст гирифтани идораи кишвар таҳдиди нобудии онро пешгирӣ, оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш ва сохторҳои фалаҷгаштаи ҳокимиятро барқарор карданд, махсусан мақомоти тартиботи ҳуқуқӣ, артиши миллӣ ва қувваҳои сарҳадиро ташкил дода, барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароитҳо муҳайё сохтанд, ба сулҳу суботи миллӣ асос гузошта, гурезаҳо ва муҳоҷирони маҷбуриро ба Ватан баргардониданд, асоси устувори бунёди ҷомеаи навро гузошта, ислоҳоти конститутсиониро дар амал татбиқ карданд, манбаи ҳуқуқиву сиёсиро барои имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон гузошта, барқарории сулҳро таъмин карданд, ба эҳёи миллӣ ва ибтидои корҳои нави бузург асос гузошта, ба таври қатъӣ вазъи иҷтимоиву иқтисоди аҳолиро беҳтар ва пули миллиро ҷорӣ карданд, эътибори сиёсии давлатро дар арсаи ҷаҳонӣ боло бардошта, дар роҳи татбиқи чор ҳадафи миллӣ - таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, аз бумбасти коммуникатсионӣ раҳо бахшидани кишвар ва саноатикунонии мамлакат хизматҳои шоистаро анҷом доданд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо заҳмату талошҳои пайваста дар тамоми марҳилаи муосири давлатдории мо, ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти босамар анҷом дода, роҳи расидани мардумро ба саодати зиндагӣ ҳамвор намуда, дар ҷодаи рушди босуботи мамлакат заминаи устуворро фароҳам овардааст. Ва халқи тоҷик, сокинони кишвар ояндаи дурахшони худро аз бисёр  ҷиҳат бо номи ин абармарди саҳнаи сиёсат пайваст кардаанд.

Дар ҳамоиш муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, аъзои Кумитаи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума Муинзода, Раиси Кумитаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим, мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокрории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маҳмудов Изатулло, Раиси Комиссия оид ба васоити ахбори оммаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, сардори Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Ҳакимзода Абдумаҷид ва дигарон суханронӣ намуда, оид ба паҳлуҳои алоҳидаи барномаи пешазинтихоботии номзад маълумот доданд ва онро ҳамаҷониба тарафдорӣ карданд.

Аъзои Ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Пойтахт" ва иштирокчиёни ҳамоиши тантанавӣ якдилона ҷонибдории худро аз номзади Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иброз дошта, ба унвони ҳамаи ҳамҳизбиён ва сокинони мамлакат муроҷиатнома қабул карданд, ки матни он аз ҷониби муовини Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизби "Пойтахт" Аслам Расулзода қироат гардид. Иштирокдорони ҳамоиш аз интихобкунандагон даъват ба амал оварданд, то дар интихоботи дарпешистода ба номзади арзанда аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кафили саодати мардум ва рушди босуботи кишвар Эмомалӣ Раҳмон  райъ диҳанд.

Дар ҳамоиш филми мустанад оид ба корнамоиҳои Пешвои муаззами миллат дар роҳи ҳифзи давлати миллӣ, истиқрори сулҳу осоиш ва дастовардҳои кишвар дар  самти сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар намоиш дода шуд.

Ҳамоиши тантанавӣ бо барномаи калони фарҳангии устодони санъат ва эҷодкорони ҷавони кишвар ҷамъбаст гардид.

 

 

Илова кунед