МАЪРАКАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲИИ ҶАВОНОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

01 Октябри 2020, Панҷшанбе

ш. Душанбе. 01.10.2020. Имрӯз дар робита ба татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентбри соли 2020, №1605 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1993-2002 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ»  маросими ботантанаии гусели ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ оғоз мегардад.

Ба ин мақсад, қарори Раиси шаҳри душанбе №450 аз 10 сентябри соли 2020 «Дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1993-2002 ба хизмати ҳарбӣ» ба имзо расида, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои соҳаи фарҳанг, маориф, комисариати ҳарбии пойтахт санаи 1 октябр  дар Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии «Аҳорун» чорабинии тантанавӣ ва маъракаи гусели наваскарон аз шаҳри Душанбе ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат баргузор мегардад.

Дар ҳамоиши мазкур намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи кор ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи марказии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини  сохторҳои марбутаи шаҳр, соҳаи кор бо ҷавонон, роҳбарони комиссариатҳо ва қисмҳои ҳарбӣ, падарону модарони даъватшудагон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ин маросим ҳамчунин,  ба даъватшудагон, ки аз чор ноҳияи шаҳр дар ин рӯз сафарбар мегарданд, ҳуҷҷати хатми ронандагӣ тақдим гардида, намоиши машқҳои ҳарбӣ - варзишӣ ва  чун анъана маросими «Нонгазон» сурат мегирад.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби дастаҳои ҳунарӣ барномаи консертӣ ва намоиши театрӣ пешниҳоди иштирокчиён гардонида мешавад.  

Маврид ба зикр аст, ки сол то сол сафи ҷавононе, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мепайванданд, зиёд гардида истодааст. Ҳукумати мамлакат ҷиҳати боз ҳам рушд додан ва фароҳам сохтани шароити созгор барои сарбозону афсарони шуҷои Ватан пайваста  тадбирҳои мақсаднок меандешад.

Тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе - комиссарҳои ҳарбӣ ва раисони комиссияҳои даъвати шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он муваззаф гардидаанд, ки даъвати шаҳрвандонро аз ҳисоби даъватшавандагони ба таври дақиқ интихобшуда ба қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъйиноти махсус, бо дарназардошти хусусияти хоси хизмат дар ин воҳидҳо ва дар навбати аввал, пуррагардонии онҳо бо иштироки намояндагони мақомоти амният ва корҳои дохилӣ амалӣ намоянд.

Ҳамчунин тибқи қарори мазкур  раёсатҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, фарҳанг, кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе  уҳдадор гардидаанд, ки  миёни сокинон ва ҷавонони синни даъватӣ хизмати ҳарбиро ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд ташвиқу тарғиб намоянд.

Таъкид гардид, ҷавонони сарбаланди тоҷикро мебояд, ки ба Ватан содиқона хизмат намуда, барои ҳимояи  марзу буми сарзамини аҷдодиамон бо ҳушёрию далерӣ ва мардонагӣ омода бошанд ва онро чун гавҳараки чашм  ҳифз созанд.

 

 

Илова кунед