РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ: ИШТИРОК ДАР ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

11 Октябри 2020, Якшанбе

ш. Душанбе. 11.10.2020. Субҳи 11-уми октябри соли 2020 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои иштирок дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба участкаи интихоботии рақами 15 ҳавзаи интихоботии 2 ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ташриф оварданд.

Дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони маҳаллаи Маҳмадулло Холови ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, ки участкаи мазкур дар ҳудуди он ҷойгир аст, чун дигар шаҳрвандони мамлакат бо эҳсоси баланди ватандўстӣ ва ифтихор аз давлату давлатдорӣ иштирок намуданд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар асоси талаботи қонунгузории мамлакат дар ҳузури мушоҳидони сершумори байналмилалӣ, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва васоити ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ ба хотири ояндаи дурахшони кишвар, саодати мардум, рушди босубот ва пешрафту шукуфоии боз ҳам афзуни Тоҷикистони соҳибистиқлол овоз доданд.   

Тазаккур бояд дод, ки дар участкаи интихоботии рақами 15 ҳавзаи интихоботии 2 ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт 1490 интихобкунанда ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 17 нафарашон бори аввал овоз медиҳанд.

Илова кунед