РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ: САФАРИ РАСМӢ БА ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

26 Ноябри 2020, Панҷшанбе

ш.Москва. 24-25.11.2020. 24 ноябри соли 2020  Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо даъвати Раиси Шӯрои Федератсияи  Маҷлиси Федеролии Федератсияи Россия муҳтарам Валентина Матвиенко бо  нахустин сафарӣ расмӣ ба  шаҳри Москваи Федератсияи Россия ташриф оварданд.

Дар ин сафар Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар фурудгоҳи «Внуково-2» -и шаҳри Москва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федеролии Федератсияи Россия Илёс Умаханов ва дигар шахсони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд.

 

Бегоҳии рӯзи 24 ноябри соли 2020 дар шаҳри Москва мулоқотҳои хосаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федеролии Федератсияи Россия муҳтарам Валентина Матвиенко ва вохӯрии ҳайатҳои расмии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи  Маҷлиси Федеролии Федератсияи Россия дар доираи васеъ баргузор гардид.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   муҳтарам Рустами Эмомалӣ нахуст дар китоби меҳмонони фахрӣ имзо гузошта, аз намоишгоҳи расмҳои таҷассумгари  робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Россия   дидан  намуданд.

Пас аз муаррифии ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб мулоқоти хосаи роҳбарони парламентҳои Тоҷикистону Россия доир гардид.

Дар оғози мулоқот муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои даъват ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Раиси Шӯрои Федератсияи   Маҷлиси Федеролии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко миннатдории самимӣ изҳор карда, муҳиммияти баррасии масъалаҳои мубрами ҳамкории стратегии ду кишварро дар сатҳи роҳбарони мақомоти қонунгузор таъкид намуданд.

Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки муносибатҳои дӯстона ва   ҳамкории стратегии Тоҷикистону Россия имрӯзҳо дар ҳама самтҳо муттасил рушд ёфта, робитаҳои байнипарламентӣ мунтазам ба сатҳи сифатан нав бароварда мешаванд.

Зимни музокирот як қатор масъалаҳои умда, аз ҷумла ҷанбаи иқтисодии ҳамкориҳои дуноҷиба, ки яке аз муҳимтарин бахш ба ҳисоб рафта, таваҷҷуҳи домии ҷонибҳоро тақозо менамоянд, баррасӣ гардидаанд.

Дар  ин самт  зарурати  ҷоннок намудани кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Россия  оид ба ҳамкориҳои иқдисодию тиҷоратӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак дар ҳудуди Тоҷикистон, истифодаи имконияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҷалби технологияи пешрафтаи россиягӣ ба бахшҳои мухталифи саноати Тоҷикистон ҷиҳати коргарди ашё ва содироти минбаъдаи маҳсулоти тайёр, таҳияи нақшаи корӣ вобаста ба иҷрои саривақтӣ ва босифати тавофуқоти байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар ҳама самтҳо ҳосилшуда таъкид  гардид.

Зимни мулоқоти дуҷониба бо пешниҳоди муҳтарам Рустами Эмомалӣ масъалаҳои марбут ба раванди муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди баррасӣ  қарор  гирифтанд. Зимнан, зарурати  аз ҷониби сохторҳои соҳавӣ идома додани корҳо оид ба ҳалли мушкилоти рӯзмарраи бахши мазкур, аз ҷумла соддагардонии тартиби ба қайд гузоштан ва гирифтани патент барои кор, баррасӣ намудани имконияти “авфи муҳоҷиратӣ”-и такрорӣ нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва барқарор кардани  хатсайрҳои ҳавоии мунтазам байни ду давлат таъкид гардид.

Бо таваҷҷуҳ ба ваъзи минтақа, ҷонибҳо ҳалии масъалаҳои ҳамкориҳои самаранокро дар бахши амният, инчунин амалисозии созишномаҳоро оид ба ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ афзалиятнок шумориданд.

Ҳамзамон, ба ҳамкориҳои самти фарҳангию башардӯстӣ, аз ҷумла соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.

Қобили зикр аст, ки алҳол дар муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Россия қариб 25 ҳазор шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мегиранд. Зимни мулоқоти ҳамтоён масъалаи ҷиҳати идома додани таҳсил ба Федератсияи Россия бозгаштани донишҷӯёни тоҷик, ки бинобар маҳдудиятҳои марбут ба бемории сироятии КОВИД-19 барои идомаи машғулиятҳо ҳозир шуда натавонистанд, баррасӣ карда шуд.Ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои тақвияти ҷараёни амалигардонии лоиҳаҳои дуноҷиба дар соҳаи маориф, аз ҷумла Созишнома оид ба бунёди панҷ муассисаи таҳислотимиёнаи умумии забони таҳсилоташ русӣ дар шаҳрҳои Тоҷикистон, иброз намуданд. Аз рӯи натиҷаи мулоқотҳо ҷонибҳо назари некбинонаи хешро аз

дурнамои ҳамкории стратегии ду кишвар таъкид карданд ва изҳори умед намуданд, ки боздиди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз Федератсияи Россия ба муносибатҳои бисёрсоҳаи миёни Тоҷикистону Россия неруи тоза бахшида, дар навбати худ масъалаҳои бамиёнгузоштаи ҷониби тоҷикистонӣ мавриди таваҷҷуҳи дахлдори Шӯрои Федератсия қарорхоҳанд гирифт. Ҳамчунин, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо арзи адаб Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия муҳтарам Валентина Матвиенкоро барои анҷоми сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват намуданд.

Дар доираи сафари расмӣ ба шаҳри Москва рӯзи 25 ноябр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо муовини якуми Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Александр Жуков мулоқот анҷом доданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия, бахусус дар самти робитаҳои байнипарламентӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Иштирокчиёни музокирот натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россияро (моҳи апрели соли 2019), ки дар ҷараёни он як силсила санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расида буд, баланд арзёбӣ карданд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба масъалаи ҳамкориҳои гуманитарӣ ва иҷтимоии дуҷониба дахл намуда, таваҷҷуҳи ҷониби Россияро ба масъалаҳои   муҳоҷирати меҳнатӣ, ки яке аз мавзӯъҳои мубрами равобити дуҷониба маҳсуб меёбад, ҷалб намуд.

Бо пешниҳоди муҳтарам Рустами Эмомалӣ Думаи давлатӣ масъалаи то 700 нафар  расонидани  шумораи квотаи донишҷӯёни тоҷик ва маблағгузории онро аз  буҷети соли 2021-и Федератсияи Россия  дастгирӣ ва ҷонибдорӣ кард.

Дар ин робита таъкид гардид, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шурӯъ аз моҳи марти соли равон дар қаламрави Федератсияи Россия қонунӣ будубош доранд ва бинобар маҳдудиятҳои беҳдоштӣ ва эпидемиологӣ дар он кишвар дармондаанд, ҳуқуқ доранд  ,   то 15 декабри соли 2020 ба мақомоти дахлдори Россия муроҷиат намоянд ва иқомати худро ройгон, бо қонунӣ гардонидани ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ ва патент ба муҳлати зарурӣ, тамдид кунанд.

Думаи давлатӣ ҳамчунин пешниҳодро дар бораи бо нафақа таъмин кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо патент ва дигар санадҳои зарурӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия кор мекунанд, қобили қабул ва дастгирӣ маънидод кард.

Бо пешниҳоди муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни мулоқот масъалаи ба Федератсияи Россия ҳар чӣ зутдар бозгаштани донишҷӯёни тоҷик ҷиҳати идома додани таҳсил, ки бинобар маҳдудияти марбут ба бемории сироятии COVID-19 барои идомаи машғулиятҳо сари вақт ҳозир шуда натавонистанд, баррасӣ гардид ва дар  ин робита барқарор кардани  хатсайрҳои ҳавоии мунтазам байни  ду давлат махсуан таъкид  карда шуд.

Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки ояндаи наздик бо ба эътидол омадани  вазъи эпидемиявӣ   вобаста ба паҳншавии бемории сироятии  ба COVID-19 маҳдудият аз байн бардошта шуда, парвозҳои байналмилали байни шаҳрҳои Тоҷикистон ва шаҳрҳои Россия барқарор карда мешаванд.

25 ноябр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ҳайати ҳамроҳонашон,  ҳамчун рамзи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти  миллӣ дар пояи Оромгоҳи "Сарбози номаълум" гулчанбар гузошта, бо лаҳзаи хомӯшӣ хотираи қурбониёни ҷангро пос доштанд.

 

 

Дар ин маросим Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Илёс Умаханов ҳамроҳӣ карданд.

Рӯзи 25 ноябр дар толори Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия ҷаласаи Комиссия оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсия бо иштироки роҳбарони ҳар ду ҷониб доир гардид.

Дар оғози кори Комиссия Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Россия, аз ҷумла робитаҳои байнипарламентиро нек арзёбӣ намуда, нақши дипломатияи парламентиро яке аз унсурҳои калидӣ дар таъмиқи ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои мутақобила маънидод карданд.

Тавре таъкид гардид, имрӯз муносибатҳои байни Тоҷикистону Россия рӯ ба рушд буда, мулоқоти имрӯза шаҳодати барҷастаи он ба шумор меравад.

Бо кӯшиши тарафайн ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳамаи бахшҳо ва пеш аз ҳама, соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ-гуманитарӣ ва амниятӣ ба сатҳи сифатан нав бароварда шуд.

Тавсеа ва таъмиқи муносибатҳои анъанавии дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Россия, на танҳо ифодаи иродаи Роҳбарияти олии сиёсии  ду давлат, инчунин саҳми парламентҳои ду кишвар ба шумор меравад.

Дар ин самт нақши муҳими фаъолияти пурсамари Комиссия оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсияро таъкид намудан ба маврид аст.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ин робита зикр намуданд, ки ҳамкориҳои байни Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсия барои густариши  минбаъда дорои иқтидорҳои калон мебошад.

Ва амалисозии онҳо вазифаи асосии Комиссияи муштарак маҳсуб меёбад, ки он масъалаҳои зерин, аз ҷумла таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ, ҷоннок кардани ҳамкориҳои соҳибкорони ду давлат, ҳамоҳангсозии қонунгузориҳои миллӣ дар соҳаи савдои берунӣ, фаъолияти гумрукӣ, андоз ва бонкӣ, стандартизатсияи маҳсулот ва хизматрасонӣ, беҳтарсозии муносибатҳо дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар бахшҳои маориф, илм ва дигар соҳаҳоро фаро мегирад.

Иштирокдорони маҷлис ба Комиссия оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсия дар роҳи таҳкими муносибатҳои гуногунпаҳлӯи байни ду кишвар барору комёбӣ орзу намуданд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо фаъолияти Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия шинос шуда, аз толори маҷлисгоҳи Шӯрои Федератсия ва студияи телевизионии он, ки ҷаласаҳои Шӯро бевосита пахш мешаванд, боздид ба амал оварданд.

Худи ҳамин рӯз дар бинои Ҳукумати Федератсияи Россия Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия, Ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ Алексей Оверчук мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, ҳамчун механизми муҳими амалисозии муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ гардид.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ёдовар шуданд, ки асосҳои қарордодиву ҳуқуқии тарафайнро наздики 300 созишномаҳои байнидавлативу байнисоҳавӣ ташкил медиҳад, ки иҷрои босифати онҳо беҳбудии ҷиддиро тақозо мекунад.

Дар ин робита ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, ки самти афзалиятноки муносибатҳои дуҷонибаро ифода мекунад, таваҷҷуҳи  хос зоҳир гардид. Таъкид гардид, ки дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ гардиши мол байни ду кишвар 720 миллион доллари амрикоиро ташкил дод.

Вобаста ба саноатикунонии иқтисоди кишвар, ки афзалияти стратегӣ эълон шудааст, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, аз ҷумла дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ қобили қабул арзёбӣ гардид.

Ҷонибҳо, манфиатдории худро дар рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноати истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, сӯзишворӣ-энергетикӣ, комплекси аграрӣ,  ҳамчунин саноати сабук ва хӯрокворӣ иброз доштанд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ин робита ташкили Шӯрои байнидавлатиро оид ба ҷалби мустақими сармояи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  мувофиқи мақсад маънидод намуданд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин масъалаи содироти  маҳсулоти кишоварзии  аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон ба Россия ва афзун намудани ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни ду давлат манфиатдор будани ҷонибҳо    мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифт.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ёдовар шуданд, ки дар самти фарҳангӣ-гуманитарии ҳамкориҳо, бахусус дар соҳаи маориф имконияту захираҳои фаровон мавҷуд аст.

Дар Тоҷикистон барои омӯзиши забони русӣ шароити мусоид фароҳам карда мешавад.

Ҳамчунин Рустами Эмомалӣ аз тезонидани суръати сохтмони 5 муассисаи таълимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Созишномаи тарафайн изҳори назар карданд.

Ҷонибҳо аз муҳиммияти масоили марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ дар шароити паҳншавии бемории сироятӣ  ёдовар шуда, зарурати барқарор намудани алоқаи мунтазами ҳавоии байни ду кишварро таъкид намуданд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ изҳори боварӣ карданд, ки Алексей Оверчук ба ҳайси Ҳамраиси Комиссияи Байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ саҳми арзандаи худро дар рушду таҳкими ҳамаҷонибаи муносибатҳои стратегӣ ва иттифоқчигии байни кишварҳоямон мегузорад.

25 ноябр  Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳошияи сафари расмӣ ба Федератсияи Россия дар бинои Ҳукумати шаҳри Москва бо Раиси шаҳри Москва Сергей Собянин мулоқот карданд.

Маҳаки асосии вохӯриро муҳокимаи маҷмӯи масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба  миёни шаҳрҳои Душанбе ва Москва ва дар ин робита муайян намудани самтҳои афзалиятноки робитаҳои минбаъда ташкил дод.

Маврид ба зикр аст, ки ҳанӯз 29 ноябри соли 1996 байни Ҳукумати шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Москваи Федератсияи Россия Созишнома дар бораи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ ба имзо расид, ки он ба робитаҳои гуногунҷанбаи стратегии ду шаҳр асос гузошт.

Вобаста ба ин иштирокчиёни вохӯрӣ оид бо мазмуни нав пурра намудани сатҳи ҳамкориҳои судманд ва дар ин замина ба имзо расондани Барномаи нави ҳамкорӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҳукумати шаҳри Москва барои солҳои 2020-2023 мубодилаи афкор намуданд.

Дар вохӯрӣ ба масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва роҳҳои ҳалли мушкилоти муҳоҷирон дар робита бо паҳншавии пандемияи короновирус таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

Раиси шаҳри Москва ба фаъолияти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик баҳои баланд дода, эҳтиёҷоти ҷониби шаҳри Москваро  ба қувваи корӣ изҳор намуданд ва манфиатдории ҷониби Россияро ба ҷалби бештари қувваи корӣ аз Тоҷикистон бо назардошти имтиёзҳои иловагӣ таъкид доштанд.Ҷониби Москва бо назардошти бартарияти муҳоҷирони кории тоҷик ва муносибату рафтори намунавии ҳамватанони мо омодагию ҳавасмандии худро барои  дастгириии ҳамаҷонибаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик изҳор намуданд.

Зимни музокирот ҷонибҳо ба тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва гуманитарӣ-фарҳангӣ, принсипҳои шарикии стратегӣ, ҳамкориҳои байниминтақавӣ, масъалаҳои марбут ба фаъолияти муштарак дар самти пешгирии сирояти бемории корнавирус, фаъолсозии ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва дар ин раванд ба роҳ мондани робитаҳои мустақим байни субъектҳои хоҷагидори тарафайн ва ҷалби сармоя, ҷоннок кардани сатҳи ҳамкориҳо дар соҳаи маориф, рушду таҳкими ҳамкориҳои илмӣ-техникӣ, тандурустӣ ва сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳи омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон, ҳамчунин тарбияи кадрҳо ва азнавсозии базаи моддӣ-техникии хадамоти коммуналӣ изҳори назар карданд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар Намоишгоҳи Дастовардҳои Хоҷагии Халқ ғурфаи миллии Тоҷикистон дубора эҳё карда шавад.

 Дар фарҷоми мулоқот  байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҳукумати шаҳри Москва Барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2020-2023 ба имзо расид.

Ба он Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси шаҳри Москва Сергей Собянин имзо  гузоштанд.

Барнома бо мақсади тавсеаи  робитаҳо дар мусоидат ба рушди иқтисодии шаҳрҳои Душанбе ва Москва равона гардида, самтҳои афзалиятноки идомаи ҳамкорӣ бахшҳои тиҷорату иқтисод, инфрасохтори роҳу нақлиёт, шаҳрсозӣ, ободонии ҳудуди шаҳр, соҳибкорӣ, савдо ва хизматрасонӣ, телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ, саноат ва инноватсия, маориф ва илм, тандурустӣ, сиёсати ҷавонон ва варзишро фаро мегирад.

Раиси шаҳри Душанбе аз Раиси шаҳри Москва даъват ба амал овард, ки дар вақти барояшон муносиб бо сафари расмӣ ба Душанбе ташриф биёваранд. Даъват бо қаноатмандӣ қабул гардид.

Дар ҷараёни сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Федератсияи Россия дар самти рушду тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба, хусусан дар бахши муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо, дарёфти имтиёзи бештар дар масъалаи квотаи таҳсил  барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ташкилу ба роҳ мондани парвозҳои мунтазам дар хатсайрҳои ҳавоии  байни Тоҷикистону  Россия ва  ҳар чи зудтар таъмин намудани бозгашти донишҷуёни тоҷик ба Федератсияи Россия барои идомаи таҳсил, инчунин афзоиш додани  ҳаҷми содироти маҳсулоти хушсифати кишоварзии Тоҷикистон ба Федератсияи Росиия, дар маҷмӯъ мувофиқаҳои зиёд ба даст омаданд, ки   дар оянда ба боз ҳам беҳтар гардидани равобити дуҷонибаи байнидавлатии Тоҷикистону Россия  мусоидат менамоянд.

Бо ҳамин нахустин сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Федератсияи Россия бо натиҷаҳои назаррас ва бозкушоии саҳифаҳои наву эътимодбахш   дар  муносибатҳои  дӯстонаи дуҷониба ва шарикии стратегии  Тоҷикистону  Россия  ба анҷом расид.

Бегоҳии 25 ноябр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Ватан баргаштанд.

 

 

Илова кунед