ЭЪЛОН: ТАНЗИМИ ҲАРАКАТИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ

09 Декабри 2020, Чоршанбе

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи ронандагони воситаҳои нақлиёт мерасонад, ки рӯзи 11 декабри соли 2020 аз соати 5:00 то 10:00 бинобар гузаронидани чорабиниҳо дар хиёбони Исмоили Сомонӣ аз буриши хиёбони А.Сино то буриши хиёбони А.Рӯдакӣ ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт манъ карда мешавад.

Бинобар ин аз ронандагони воситаҳои нақлиёт эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки аз кӯчаву хиёбонҳои ҳамшафат истифода баранд.

Илова кунед