ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №636 АЗ 10.12.2020
Дар бораи даъват намудани иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум
Мутобиқи моддаҳои 12, 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»,
ҚАРОР МЕКУНАМ:
- Иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум 25 декабри соли 2020, соати 900 дар толори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ – 40 даъват карда шавад.
- Ба рӯзномаи иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум масъалаҳои зерин дохил карда шаванд:
2.1. Дар бораи «Ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе «Оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2020».
2.2. Дар бораи лоиҳаи буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2021 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2019.
2.3. Дар бораи иҷрои барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соҳаи ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ.
2.4. Дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе.
- Барои омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гурӯҳи корӣ тибқи замимаи 1 таъсис дода шавад.
- Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум тибқи замимаи 2 то санаи 22 декабри соли 2020 дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум таклифҳои мушаххасро пешниҳод намоянд.
- Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо тартиби муқарраргардида муҳтавои қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба самъи сокинони пойтахт расонида, таклифу пешниҳодҳои вобаста ба иҷлосия воридгардидаро ба гурӯҳи корӣ манзур созад.
- Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Т.Н. гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ