Тоҷикӣ

ТАНТАНАҲОИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН

01 Июни 2019, Шанбе

ш. Душанбе. 01.06.2019. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  дар Муассисаи давлатии“Аҳорун” барномаи калони фарҳангии идона бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ва маросими ҷамъбасти Фестивали ҷумҳуриявии наврасон таҳти унвони “Мо насли хушбахти замон” баргузор гардид.

Маврид ба зикр аст, ки субҳи барвақт дар саҳни амфитеатри "Аҳорун" намоиши маҳсули дастон ва тахаюли рангини хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва марказҳои эҷодии наврасон, инчунин  расму мусаввараҳои офаридаи бачагону наврасон ба маъраз гузошта шуд.

Иштирокчиёни чорабиниро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе муовини Раиси шаҳр Мавсума Муинӣ хайрамақдам гуфта, табрикоти Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба ифтихори Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ба самъи ҳозирин расонданд.

Тавре таъкид гардид, кӯдакон, ки ганҷинаи бебаҳо ва табақаи тозаву насли ояндасози ҷомеаи мо мебошанд, ба таваҷҷуҳу ғамхории хоса ниёз доранд.

 Бо дарки ин маънӣ давлату ҳукумати мамлакат, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба насли наврас ғамхорӣ зоҳир намуда, масъалаи таълиму тарбияи онҳоро яке аз масъалаҳои муҳими давлат ва ҷомеа арзёбӣ менамоянд.            

Ин аст, ки аз самараи истиқлоли миллӣ ва сиёсати ояндасозу маърифатпарваронаи Пешвои миллат барои кӯдакону наврасон ҳамасола мактабҳои наву замонавӣ ва шароити мусоиди таълиму тадрис фароҳам карда мешавад.

Шаҳри Душанбе, ки ҳамчун пойтахти Ватани азизамон – маркази фарҳангу тамаддуни миллӣ ҳисоб мегардад, дар масъалаи тарбияи шаҳрвандони мадании кишвар ва масъалаҳои вобаста ба тарбияи сокинони навраси пойтахт аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад.

Аз ин лиҳоз, имрӯзҳо дар Душанбеи азизи мо барои кӯдакону наврасон дар баробари муассисаҳои муосири таълимӣ, марказҳои эҷодиву варзишӣ ва фарҳангиву маърифатӣ фаъолият намуда,  таҳти назорат ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қарор доранд.

Дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони озмуну мусобиқаҳо дар доираи Фестивали ҷумҳуриявии наврасон таҳти унвони "Мо насли хушбахти замон" туҳфа ва ҷоизаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тақдим гардид.

Сипас бо иштироки тарълимгирандагони Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ ва шаҳрии мусиқӣ ва хореографӣ, ансамблҳои бачагона ва дигар дастаҳои ҳунарии бачагона дастагули мусиқии иборат аз рақсу навоҳои дилнишин ва суруду таронаҳои тараннумкунандаи Ватани шукуфон ва сулҳу дӯстии тамоми бачагони сайёра пешкаши ҳозирин гардид.

Тазаккур бояд дод, ки Фестивали ҷумҳуриявии наврасон таҳти унвони "Мо насли хушбахти замон" бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе рӯзи 30-юми май дар пойтахти кишвар кори худро оғоз намуд.

Фестивали мазкур тайи солҳои истиқлолият бори аввал созмон дода шуда, дар кори он 200 нафар наврасон аз вилоятҳои Бадахшону Хатлон, Суғд, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе иштирок карданд.

Рӯзи 29-уми май иштирокчиёни фестивалро намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар чаҳор даромадгоҳи пойтахт дар фазои дӯстиву рафоқат бо шукргузорӣ аз фазои мусоиди кишвар бо созу мусиқӣ ба таври тантанавӣ истиқбол гирифтанд.

Субҳи ҳамон рӯз ширкаткунандагони ҷашнвораи ҷумҳуриявиро созмондиҳандагони он - намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи №55-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот зикр гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бахусус Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба рушду инкишофи насли наврас аҳаммияти аввалиндараҷа зоҳир менамоянд.

Тайи солҳои охир бунёди як силсила иншооти муосиру замонавӣ, аз қабили мактабу кӯдакистон, майдончаҳои варзишиву бозии кӯдакон  шаҳодати гуфтаҳои болоист.

Ва бори аввал аз ҷониби шаҳрдорӣ  баргузор намудани фестивали ҷумҳуриявии наврасон дар шаҳри Душанбе низ аз ғамхории ҳамаҷонибаи роҳбарияти шаҳри Душанбе нисбат ба наврасон дарак медиҳад.

Иштирокчиёни фестивал бо мақсади арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ бо дарк ва эҳсоси баланди худшиносиву ватандорӣ дар пояи муҷассамаи аввалин бунёдгузори давлати тоҷикон Шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд.

Дар чаҳорчӯбаи барномаи чорабинӣ наврасон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид ба амал оварда, бо  таърихи пурғановати давлатдории миллӣ ва дастовардҳои ҷумҳурӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ шинос шуданд, ки ин ба онҳо як ҷаҳон таассурот бахшид.

Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки  махзани пурбори маънавии илму маърифат ва бозгӯи фарҳанги қадимаи миллати тоҷик мебошад, бачаҳоро ба фатҳи қуллаҳои навин дар кашфи асрори илму фан роҳнамун кард.

Ниммаи дуюми ҳамон рӯз иштирокчиёни фестивал дар бинои сирки давлатӣ барномаи калони фарҳангӣ-фароғатиро, ки аз ҷониби эҷодкорони ҷавони кишвар дар ҳамбастагӣ бо ҳунармандону ширинкорони сирки давлатӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯдакон бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе омода шуда буд, тамошо карданд.

Лозим ба зикр аст, ки намоишномаи мазкур бо иштироки беш аз 1800 нафар тарбиятгирандагони хонаҳои бачаҳо ва мактаб-интернатҳои пойтахт ба маъраз гузошта шуд.

Барои наврасон-намояндагони тамоми  минтақаҳои кишвар тамошои    намоишномаи ҳунармандони Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М. Қосимов басо гуворо ва дилписанд буд.

Маросими расмии ифтитоҳи фестивали ҷумҳуриявии наврасон "Мо насли хушбахти замон" шоми 30-юми май дар амфитеатри Муассисаи давлатии "Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе" баргузор гардид.

Дар оғози ин чорабинии хотирмон Номаи шодбошии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба унвони иштирокчиёни фестивал аз ҷониби  муовини Раиси шаҳри Душанбе М.Муинӣ қироат гардид.

Тавре зикр гардид, мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Душанбе ба рушду такомули насли наврас таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Барои кӯдакону наврасон тайи се соли охир дар шаҳри Душанбе беш аз 200 майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакон, даҳҳо мактабу кӯдакистонҳои ҳозиразамон, боғҳои фарҳангу фароғатӣ ва дигар иншооти маърифативу солимгардонӣ бунёд шудаанд.

Ғамхории ҳамаҷонибаи давлату ҳукумати кишвар, бахусус Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба насли наврас, ки ояндаи давлату миллат мебошанд, дар тамоми соҳаҳо бараъло эҳсос мешавад.

Сипас бо иштироки истеъдодҳо ва эҷодкорони ҷавони кишвар, дастаҳои ҳунарии мактабҳои мусиқии пойтахт ва тарбиятгирандагони Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе барномаи калони фарҳангӣ-фароғатӣ пешкаши ҳозирин гардид.

Рӯзи 31-уми май Фестивали ҷумҳуриявии наврасон "Мо насли хушбахти замон кори худро идома дод.

Дар рӯзи дуюми Фестивал иштирокдорони он дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар эҷоди иншои озод дар мавзӯи "Душанбе аз нигоҳи ман" донишу малакаҳои азбаркардаи худро санҷиданд. Бояд тазаккур дод, ки наврасон бо як ҷаҳон таассурот ва диди нав аз дастовард, пешравӣ ва дигаргуниҳои мусбати шаҳри Душанбе тайи солҳои охир навиштаҳои худро рӯи коғаз оварданд.

Яке аз чорабиниҳои шавқоваре, ки  дар лавҳи хотири ҳар иштирокчии Фестивал боқӣ хоҳад монд, вохӯрии наврасон дар толори мактаб бо адибони шинохтаи тоҷик - мудири шуъбаи адабиёти бачагонаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Азизи Азиз ва муаллифи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ Гулназар Келдӣ, ки басо хотирмону судманд сурат гирифт, маънидод мегардад. Бачаҳо на танҳо адибони дӯстдоштаи худро бо шавқ гӯш карданд, балки бо онҳо атрофи осори пурмаҳсулашон суолу ҷавоб намуда, аз эҷодиёташон порчаҳо қироат карданд.

Ширкат дар бозиҳои варзишӣ, ба шумули футбол,  волейбол ва мусобиқаҳои баскетболбози наврас,  шоҳмотбози ҳушманд,  шашкабози зиррак,  тенисбози наврас дар толорҳои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 ва Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе шавқу ҳаваси бачаҳоро ба варзиш боз ҳам баланд кард.   

Дар доираи барномаи Фестивал наврасон аз Боғи фарҳангӣ - фароғатии ба номи С. Айнӣ боздид намуда, бо шароитҳои мусоиде,  ки Роҳбарияти давлату ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои рушду такомули маънавии кӯдакону наврасон фароҳам овардаанд, шинос шуданд.

Шоми рӯзи 31-уми май иштирокчиёни ҷашнвора дар  амфитеатри Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе дар маросими ҷамъбасти фестивал-озмуни истеъдодҳои наврасони шаҳри Душанбе таҳти унвони “Шукуфаҳои пойтахт” ширкат варзиданд. Ин барномаи рангини мусиқӣ дар иҷрои ғолибони фестивал - озмуни истеъдодҳои наврас назар ва таассуроти наврасонро нисбат ба фарҳангу маданияти бою ранги миллӣ дучанд намуда, онҳоро дар роҳи садоқат ва хизмат ба хоку буми ин кишвари биҳиштосо  роҳнамун намуданд.

Бо ҳамин Фестивали ҷумҳуриявии наврасон таҳти унвони "Мо насли хушбахти замон" кори  худро ба итмом расонд.

Иштирокчиёни он бо як ҷаҳон шодиву фараҳ ва таассуроти бою рангин ба ноҳия ва шаҳру вилоятҳои худ баргаштанд.

 

Илова кунед