ЭЪЛОН: ИФТИТОҲИ ХАТСАЙРИ НАВИ ТРОЛЛЕЙБУСӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

11 Декабри 2020, Ҷумъа

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки шурӯъ аз санаи 14 декабри соли 2020 хатсайри троллейбуси №11 (Маҳаллаи 82 – Боғи С.Айнӣ) ба фаъолият оғоз менамояд.

Троллейбусҳо дар хатсайри мазкур тавассути хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ ва Рӯдакӣ ҳаракат менамояд.

Аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки аз хизматрасонии троллейбусҳои нави муосир истифода баранд.

Пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.

Илова кунед