РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ВУСЪАТИ ТОЗА БАХШИДАНД
ш.Душанбе. 14.12.2020. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи маъракаи сабзухуррамгардонӣ, ҳамчун рамзи вусъат бахшидан ба маъракаи ниҳолшинонӣ дар пойтахт ва тадбирҳои вобаста ба иқдоми «Шаҳри сабз», ба кӯчаи Низомии Ганҷавии ноҳияи Сино ташриф оварда, дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуданд.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар даромадгоҳи асосии Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе шахсан ду дарахт шинонида, масъулинро ба боз ҳам ҷоннок намудани тадбирҳои вобаста ба сабзу хуррамгардонӣ дар ҳудуди пойтахт ҳидоят карданд.
Чуноне ба Раиси шаҳри Душанбе иттилоъ дода шуд, дарахтони шинонидашуда аз навъи Платан буда, умри беш аз 60 сола доранд ва бо нашъунамояшон, оянда ба ин иншооти нодири шаҳри Душанбе зебогии бештар зам менамояд.
Дар ин рӯз ҳамзамон дар ҳудуди Боғи Ҷавонон ниҳоли дарахтони ликвидамбар, ки аз навъҳои нодир ва ба иқлими маҳал тобовар мебошад, шинонида шуд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ интихоби навъҳои дарахту буттаҳои ба иқлими пойтахт тобовар ва риояи қоидаҳои дурусти агротехникро дар раванди ниҳолшинонӣ аз шартҳои асосӣ дар нашъунамои минбаъдаи дарахтон арзёбӣ карда, махсусан таъкид намуданд, ки дар рафти маъракаҳои ниҳолшинонӣ аз маслиҳатҳои мутахассисони соҳа ҷиддӣ истифода карда шавад.
Қобили қайд аст, ки дар пайи тадбирандешиҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар роҳи таъмини муҳити тозаи экологӣ тавассути шинонидану парвариш кардани гулу дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ, хусусан туфайли муроҷиати Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба «Шаҳри сабз» табдил додани шаҳри Душанбе, ки зимни баргузории иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе садо дод, дар пойтахти мамлакат дигаргуниҳои куллӣ ба миён омад.
Муроҷиати мазкур миёни аҳолии шаҳри Душанбе ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо намуда, ба маъракаи умумишаҳрӣ табдил ёфт. Ин аст, ки ҳоло сокинони пойтахт ва кормандони касбу кори гуногун бо нишони ҷонибдорӣ аз ин иқдом, дар назди ҳавлӣ, атрофи биноҳои истиқоматӣ, корхонаву муассиса, ташкилоту идораҳо, мутташакилона ба маъракаи ниҳолшинонӣ пайвастаанд.
Натиҷа ин аст, ки ҳамагӣ давоми як моҳи оғози мавсими имсолаи ниҳолшинонӣ, дар миқёси шаҳри Душанбе зиёда аз 53 ҳазор дарахтони гуногуни ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуданд.
Дар маҷмӯъ, бошад, тибқи нақшаи пешбинишуда дар ҳудуди шаҳри Душанбе ин мавсим беш аз 100 ҳазор бех дарахтони сояафкану ороишӣ ва зиёда аз 10 миллион адад гулҳои мавсимиву бисёрсола, аз ҷумла 3,5 миллион дона гулҳои лола шинонда ва парвариш меёбад.