БА КОР ДАРОВАРДАНИ ҶДММ «КОМБИНАТИ ОРДИ ДУШАНБЕ»

16 Декабри 2020, Чоршанбе

ш. Душанбе. 16.12.2020.  Имрўз дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Комбинати орди Душанбе» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

«Комбинати орди Душанбе», ки зиёда аз 30 соли охир бо сабаби кӯҳнаву фарсуда шудани хатҳои истеҳсолӣ аз фаъолият боз монда буд, бо дастгирию роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади рушди соҳаи саноат ва афзоиш бахшидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хушсифат бо харҷи беш аз 50 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ пурра таҷдиду навсозӣ гардид.

Тамоми биноҳои комбинат бо истифода аз масолеҳи сохтмонии аълосифат ва ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ бо тарҳи муосиру замонавӣ таъмир гардида, навсозӣ ва таҷдиди он барои таъмини бозори дохилӣ бо орд ва таҳкими истеҳсоли маҳсулоти содиротшавандаи ватанӣ мусоидати фаъол менамояд.

Масоҳати умумии “Комбинати орди Душанбе” 4 гектар буда, сохтмон, таҷдид ва навсозии биноҳои мавҷуда имкон дод, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат аз ширкатҳои бонуфузи Аврупо ва “КОФКО Инжинеринг ва Менеҷмент”-и Ҷумҳурии Халқии Хитой хатҳои истеҳсолии нав харидорӣ ва васлу насб карда шавад.

Асонои шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки хати истеҳсолии васлу насбгардида айни замон назираш дар Осиёи Марказӣ нест ва аз рӯи технология ва хусусиятҳои техникӣ муосиртарин маҳсуб меёбад.

Технологияи васлгардида ба таври автоматӣ фаъолият мекунад ва дар раванди истеҳсолот қувваи корӣ кам истифода мешавад. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани “Комбинати орди Душанбе” дар маҷмуъ 100 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кору маоши хуб таъмин гардиданд.

Дар ин комбинат дар як шабонарӯз 400 тонна гандум мавриди коркард қарор дода шуда, бо номҳои “Майса”, “Хӯша”, Сунбула” ва “Суфра” тавлиди бештар аз 10 навъи орд, ки аз он ярмаи гандум, макарон, номгӯи зиёди маҳсулоти нонию қаннодӣ истеҳсол карда мешавад, роҳандозӣ гардидааст. Маҳсулоти комбинат мутобиқ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ дар ҳаҷми гуногун бастабандӣ гардида, пешниҳоди харидорон карда мешавад.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ оянда дар назди “Комбинати орди Душанбе” чандин коргоҳҳои нав ба кор дароварда мешавад. Бунёди коргоҳҳои истеҳсоли макарон ва маҳсулоти нонию қаннодӣ аз ҷумлаи чунин тадбирҳоест, ки ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин бо ба инобат гирифтани талабот коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти парҳезӣ аз сабӯс низ бунёд карда мешавад. Дар ин ҷо, инчунин хӯроки парранда, моҳӣ ва чорво ҳам истеҳсол мегардад.

Дар шаҳри Душанбе рӯзҳои наздик мағозаҳои фирмавии “Комбинати орди Душанбе” ба фаъолият оғоз мекунанд.

Фаъолияти бонизоми комбинат метавонад дар самти истеҳсоли орд дар пойтахти мамлакат барои муътадилии арзиши маҳсулот дар тамоми фасли сол ва ҷиҳати захираи он ҳамчун маҳсулоти ниёзи аввал, нақши муассир гузорад.

Дар оянда дар “Комбинати орди Душанбе” бо ба кор даровардани иқтидорҳои нав ҳаҷми истеҳсолот афзун ва шумораи ҷойҳои корӣ зиёд хоҳад шуд.

Ба таъкиди масъулони комбинати мазкур бо таъмини талаботи рӯзонаи шаҳри Душанбе бо орд, ки тибқи таҳлилҳо беш аз 400 тоннаро ташкил медиҳад, дар оянда маҳсулот ба дигар кишварҳои минтақа содирот карда мешавад.

Дар “Комбинати орди Душанбе” анбор барои захираи 32,0 ҳазор тонна гандум, анбор бо масоҳати 5 ҳазор метри мураббаъ ҷиҳати нигоҳдории 3,6 ҳазор тонна орд ва анбор барои нигоҳдории сабӯс ва гандуми реза бунёд гардида, хати роҳи оҳан аз дохили корхона мегузарад, ки хароҷоти интиқоли маҳсулотро ба маротиб коҳиш медиҳад.

Бо мақсади таҳвил ва дастраскунии маҳсулоти истеҳсолшаванда ба нуқтаҳои фурӯш ва марказҳои савдо 10 адад воситаи нақлиёти боркаши муосири гуногунҳаҷм харидорӣ карда шудааст.

Дар «Комбинати орди Душанбе» барои муайян намудани сифати гандуми воридшаванда ва маҳсулоти истеҳсолгардида озмоишгоҳ бо тамоми лавозимоти замонавӣ ташкил карда шудааст, ки ин ба пешниҳоди маҳсулоти босифат заминагузор мебошад.

Зимни суҳбат бо коргарону мутахассисони ҶДММ “Комбинати орди Душанбе” Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар раванди татбиқи ҳадафи чорум - саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми соҳибкорони ватанӣ бештар буда, ин саҳмгузорӣ ҳам дар афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва ҳам дар таъмини сокинон бо ҷойи кору маоши хуб заминаи воқеӣ мегузорад.

Дар самти бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва ворид намудани технологияи муосири истеҳсолӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ имтиёзҳои зиёд муқаррар карда шудааст. Натиҷа ҳамин аст, ки тайи солҳои охир дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе дар баробари бунёду навсозии муассисаҳои таълимию тандурустӣ ва фарҳангӣ садҳо корхонаи нави саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки ин тадбир дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ заминаи мусоидро фароҳам овард.

Тибқи маълумоти роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе то 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти мамлакат наздики 70 корхонаи нави саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

 

 

Илова кунед