Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ№316 АЗ 30.05.2019

30 Майи 2019, Панҷшанбе

Дар бораи баргузор намудани Фестивал-намоишгоҳи ҳаштуми автомобилҳои   коллексионии  «Авто-ретро Душанбе»

Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ доир намудани Фестивал-намоишгоҳи ҳаштуми автомобилҳои коллексионӣ дар майдони «800 солагии Москав»-и назди Муассисаи давлатии «Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ» ва бар ин васила дастгирӣ намудани ташаббуси ҷомеаишаҳрвандӣ, дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 хамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Ба «Клуби дӯстдорони автомобилҳо ва мототсиклҳои нодир ва эксклюзиви Тоҷикистон», «Авто-ретро эксклюзив» санаи 14 сентябри соли 2019 аз соати 1500 то 2100 дар майдони «800 солагии Москав»-и назди Муассисаи давлатии «Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ» ҷиҳати баргузор намудани Фестивал-намоишгоҳи ҳаштуми автомобилҳои коллексионии «Авто-ретро Душанбе» иҷозат дода шавад.

2. Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раиси ноҳияи Шоҳмансур, воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимиятидавлатии шаҳри Душанбе баҳри дар сатҳи зарурӣ доир намудани Фестивал-намоишгоҳи ҳаштумиавтомобилҳои коллексионӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

3. Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, раёсатҳои тандурустӣ ва Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии ҳаракат дар роҳ, амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии «Ёрии таъҷилӣ», нақлиёти сӯхторхомӯшкунӣ ва риояи Маромномаи сокини пойтахт зимни баргузории чорабинии мазкур тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

4. Раёсати итилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатиирӯзномаи «Паёми Душанбе» ва «Телевизиони Душанбе» инъикоси қарори мазкур ва рафти чорабиниро тавассути воситаҳои ахбори омма васеъ ба роҳ монанд.

5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳавогузор карда шавад

Рустами Эмомалӣ

Илова кунед