ТАЪСИСИ АССОТСИАТСИЯИ ДИЛЕРҲОИ РАСМИИ ИСТЕҲСОЛКУНАНДАГОНИ АВТОМОБИЛҲО ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (АДРИА)

31 Декабри 2020, Панҷшанбе

Ассотсиатсияи Дилерҳои Расмии Истеҳсолкунандагони Автомобилҳо - АДРИА - ассотсиатсияи касбии дилерҳои расмии тавлидкунандагони автомобилҳои хориҷӣ ва ватанӣ мебошад.

АДРИА моҳи октябри соли 2020 таъсис ёфта, айни замон 7 ширкат, ки дар самти воридот, фурӯш, нигоҳдорӣ ва таъмиру хизматрасониҳои кафолатнокии техникии автомобилҳо фаъолият мекунанд, дар он ҳамчун аъзои комилҳуқуқ узвият доранд.

Аъзоёни Ассотсиатсия фаъолияти худро амалан дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ анҷом медиҳанд.

Аъзоёни Ассотсиатсия ширкатҳои зерин мебошанд:

- ҶДММ «Авто Тоҷикистон» – дистрибютери расмии "Хундай Мотор Корпорейшн";

- ҶДММ «Тадж Моторс» - дилери расмии "Тойота Мотор Корпорейшн";

- ҶДММ «Лесинвест» - дилери расмии "Дженерал Моторс", Ўзбекистон;

- ҶДММ «Старлекс» - дилери расмии "Даймлер (Мерседес Бенс)";

- ҶДММ «Хакко Энтерпрайз» - дилери расмии Шкода Авто;

- ҶДММ «Олуча Авто» - дистрибютери расмии Авто Ваз (Лада);

- ҶДММ «Акиа Авесто Автоматив Индастри» -истеҳсолкунанда ва дистрибютер.

Ҳадафи асосии таъсис додани Ассотсиатсия – таъмини шафофияти фаъолияти иштирокчиёни бозор, намояндагӣ аз манфиатҳо дар сатҳи давлатӣ,  ҷорӣ намудани рақобати солим байни иштирокчиёни бозор, дастгирии намояндагони расмӣ ҳамчун андозсупоранда, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, пурра таҳти назорати гумрукӣ ва андозбандӣ қарор додани манбаҳои воқеӣ, саҳмгузорӣ дар ғанї гардонидани буҷет ва рушду нумуъи кишвари азизамон мебошад.

Боиси зикр аст, ки ташкил намудани  низоми мутавозини муносибатҳои байни давлат ва иштрокчиёни бозори автомобил шароити баробари тиҷоратӣ барои ҳамаи субъектҳои дар ин соҳа иштирокдошта фароҳам оварда, ба мизоҷон ҳуқуқи интихоб карданро дода ташаккули фарҳанги харид ва истифодаи автомобилҳои навро ба миён меоварад.

Аз ин лиҳоз,  Ассотсиатсияи Дилерҳои Расмии Истеҳсолкунандагони Автомобилҳо бо арзи эҳтиром барои ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда ҳамаи сохтору ташкилотҳои дахлдорро  барои ҳамкорӣ даъват менамояд.

Тамос: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н. Қарабоев 200;

Рақами телефон: +992 557 77 00 07, почати элетронӣ: info@adria.tj    ;

Раиси АДРИА: Асрор Мирзоев

 

Илова кунед