Тоҷикӣ

Шоми дӯстӣ ба ифтихори иштирокчиёни Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ оид ба тадбирҳои боварӣ дар Осиё

15 Июни 2019, Шанбе

14 июн дар бӯстонсаройи беруназшаҳрӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори сарони давлатҳо ва ҳайатҳои иштирокчии Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё шоми дӯстӣ баргузор карданд.

Барои баргузории чорабинӣ яке аз мавзеъҳои хушбоду ҳавои кишвар бӯстонсаройи беруназшаҳрии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, воқеъ дар ноҳияи Варзоб, интихоб гардид.

Ҳадаф аз баргузор кардани сайругашти шомгоҳӣ ва пешкаш кардани дастархони тоҷикӣ дар мавзеъи хушбоду ҳаво - муаррифии мавзеъҳои зебову нотакрори кишвари биҳиштосоямон, таъриху тамаддун, фарҳанг, расму оини неки меҳмоннавозии тоҷикона, шиносоӣ бо ҳунарҳои бою қадимаи мардуми тамаддунофари тоҷик, намунаи дастовардҳои ҳунармандони соҳибзавқи кишвар, таомҳои миллӣ, анвои гуногуни хурока, нону шириниҳо, меваҳои тару тоза ва хуштаъм, хушкмеваҳо ва дигар маҳсулоти кишоварзии сарзамини ганҷхези Тоҷикистон мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмононро бо намунаи беҳтарини ҳунарҳои мардумӣ, маҳсули эъҷози устоҳои чирадаст, тарҳи хонаҳои миллӣ, кандакорӣ, нону кулчаҳои ширмол, анвои мухталифи маҳсулоти қаннодӣ ва таъомҳои гуногуни кадбонуҳои пурҳунар шинос намуданд.

Дар Шоми дӯстӣ сарони давлатҳо аз намоишгоҳи неъматҳои табиии диёри биҳиштосои мо дидан намуданд. Дар намоишгоҳи пуршукӯҳ меваю сабзавот, хушкмеваю асал ва дигар неъматҳои бебаҳои табиии кишвари мо ба маъраз гузошта шуда, ба меҳмонони олимақом хеле писанд омад.

Воқеан ҳам Тоҷикистон кишвари офтобрӯяву дорои неъматҳои бебаҳои табиӣ буда, маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаю хушсифат дорад ва дар ҷаҳон бо меваю сабзавоти аълосифат, хушкмеваҳо ва таомҳои лазизи миллӣ шуҳрати беандоза касб намудааст.

Дар намоишгоҳ даҳҳо намуди меваҳои тару тозаи Тоҷикистон, навъҳои гуногуни полезиҳо, меваҳои аз лиҳозу таъму сифат беҳамто ба маъраз гузошта шуда буд ва меҳмонони олиқадр ба ҳар як маҳсулоти намоиш ва намудҳои гуногуни таомҳои миллии мо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.

Ба меҳмонон ҳамчунин ҳайвоноти нодири кишвари биҳиштосо муаррифӣ гардид. Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон дар баробари дигар базшҳои сайёҳӣ сайёҳии шикорӣ низ рушд карда истодааст.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон одатҳои олии меҳмоннавозии тоҷикона доранд ва ба расму ойинҳои меҳмоннавозии мардумамон беандоза арҷ мегузоранд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо анъанаҳои олии меҳмоннавозии тоҷикона маҳбубияти хоса дошта, ҳар як меҳмони Тоҷикистонро самимона пазироӣ менамоянд.

Меҳмоннавозии анъанавии тоҷикон аз қадим хусусиятҳои хоси дӯстонаю самимияти баланд дошта, Тоҷикистон дар олам ҳамчунин бо таъомҳои хушлаззати миллӣ маъруф аст.

Тоҷикистон бо сарватҳои табиӣ, бахусус обҳои мусаффо ва меваю сабзавоти шаҳдбораш кишварест нотакрор. Тавассути баргузории чорабиниҳои гуногун барои шинос кардан бо меҳмоннавозии тоҷикона, таъриху фарҳанг, маданияти бойи миллати тамаддунофар, муаррифии имкониятҳои фарохи сайёҳӣ, ҳунарҳои қадимаи мардумӣ ва ҷалби шумораи зиёди сайёҳони хориҷӣ тадбирҳои судманд андешида мешавад.

Сайру гашти меҳмонони олимақом дар фазои басо гарму самимӣ ва дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт. Меҳмонони олимақом дар бӯстонсарои беруназшаҳрӣ гашту гузор ва суҳбати озоди дӯстона намуда, аз табиати сабзу ҳавои тозаи Тоҷикистони офтобӣ ҳаловат бурданд.

Сарони давлатҳо ва ҳайатҳои иштирокчии Ҳамоиши 5-уми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Раиси Иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри - Ланка Майтрипала Сирисена, Президенти Ҷумҳурии Халқии Бангладеш Муҳаммад Абдул Ҳамид, Сарвазири Шоҳигарии Камбоҷа Хун Сен ва дигарон аз меҳмоннавозии гарми анъанавии тоҷикӣ, ки аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зоҳир гардид, қаноатманд шуданд.

Меҳмонони олиқадр бо эҳсоси баланд ба табиати зебои Тоҷикистон ва таомҳои миллию меҳмондории тоҷикӣ шефта будани худро иброз доштанд.

 

Илова кунед