ВОХӮРИВУ МУЛОҚОТҲО ДАР ҚИСМҲОИ НИЗОМӢ

25 Январи 2021, Душанбе

ш.Душанбе. 25.01.2021. Бо мақсади иҷрои супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ташкили вохӯрӣ бо афсарону сарбозон, бурдани корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ баҳри баланд бардоштани руҳияи аскарон, бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ҳувияти миллӣ, муҳаббат ба Модар-Ватан, гиромидошти арзишҳои олӣ чун ваҳдату Истиқлолияти миллӣ аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода гурўҳи таблиғотӣ, ки ба он роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои оид ба корҳои занон ва оила, дин ва танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаи иҷроияи ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагон, Гвардияи миллӣ, собиқадорони меҳнат ва шоирону нависандагон шомил мебошанд, таъсис ёфтааст. Гурўҳҳои мазкур шуруъ аз 15 уми январи соли ҷорӣ ба қисмҳои низомии ҳудуди пойтахт ташриф оварда бо сарбозону афсарон ва ҳайати шахсии қисмҳои низомӣ мулоқоту вохӯрӣ анҷом дода истодаанд. Дар баробари баргузории мулоқоту вохӯриҳо бо сарбозону афсарони ҷузъу томҳои низомии ҳудуди пойтахт, гурўҳҳои корӣ бо шароити будубоши онҳо низ аз наздик шинос мешаванд.

Лозим ба таъкид аст, ки шарту шароит дар қисмҳои низомӣ ва сатҳу сифати хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат мавриди таваҷҷуҳи бевоситаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Муссалаҳи кишвар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ин самт тадбирҳои муассир роҳандозӣ шудааст. Дар идомаи ин тадбир давоми давраи фаъолият вохӯрии гурӯҳҳои таблиғотӣ дар 9 қисми низомии ҳудуди пойтахт ташкилу баргузор гардид. Аз ҷумла дар Донишкадаи ҳарбӣ, қисмҳои низомии 08010-и Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи ҶТ, 5453-и Қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии ҶТ, 051055, 05154 ва 051052-и Маркази тайёрии таълимии кадрҳои Гвардияи миллии ҶТ ва қисм ҳарбии 0119-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ, қисми ҳарбии 12019 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шифохонаи ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикитсон вохӯриҳо ташкилу баргузор шуданд.

Дар қисмҳои ҳарбӣ гуруҳҳои таблиғотӣ бо шароити будубоши сарбозон, аз ҷумла ҷойи хоб, утоқҳои таълимӣ, китобхона, синфхонаҳои технологӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, ошхонаву хонаи фароғатӣ, анбори захираи маҳсулоти хӯрока ва дигар ҳуҷраҳои хизматрасон дидан намуданд.

Лозим ба зикр аст, ки имрӯзҳо дар тамоми қисмҳои ҳарбӣ бо дастури бевоситаи Президенти мамлакат ҳуҷраҳои алоҳида барои волидайни сарбозон ташкил ва бо лавозимоти зарруӣ таҷҳизонида шудааст.

Тавре маълум гашт, сарбозону афсарони қисмҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бо ҳама гуна шароит аз қабили хӯрокаву либос ва машқу тамрин таъминанд. Шароити хуби хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ теъдоди зиёди ҷавононро бо хоҳиши худ ба ҳимояи марзу буми Ватан ҷалб месозад. Ин ҳама боис мегардад, ки шаҳрвандони мамлакат дар фазои орому осудаи кишвар пайи анҷоми кору фаъолияти аҳлона хотири орому осуда талош ба харҷ диҳанд. Бояд қайд намуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар воқеъ, мояи ифтихор буда, бо адои ин қарзи шаҳрвандӣ ҳар як ҷавони бонангу номуси кишвар дар ҳифзи марзу буми Ватани маҳбуб саҳми муносиб мегузорад. Аз дигар тараф маҳз дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт, дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро азхуд мекунанд.

Зимни мулоқот бо афсарону аскарон масъулин атрофи мавзуъҳои мавқеи Артиши миллӣ дар низоми давлатдорӣ, саҳми чавонон дар ҳимояи марзу буми кишвар, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, баромад намуда, онҳоро барои ҳифзи Ватан талқин намуданд. Дар суҳбат қайд гардид, ки Ҳукумати  Тоҷикистон баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, беҳтар гардонидани шароити моддию техникӣ ва вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста тадбирҳои саривақтӣ меандешад. Дар ҷавоб ба ин бояд ҳар як афсару сарбози шуҷои кишвар ҳамчун сипари боэътимоди Ватан дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон ҳамеша ҳушёру зирак бошанд ва ҳаргиз фаромӯш насозанд, ки фазои орому осудаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бар ивази ҷони садҳо нафар ҷавонмардони бонангу номуси миллат ба даст омадааст.

Илова бар ин, ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки мардуми Тоҷикистон бо хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи худ ифтихор намуда, дар симои ҳар яки онҳо фарзандони далеру шуҷои Ватани азизамонро мебинанд ва бовар доранд, ки онҳо ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқу вафодор мемонанд.

Лозим ба зикр аст, ки зимни дидорбиниҳо аз ҷониби гуруҳҳои корӣ ба китобхонаҳои қисмҳои ҳарбӣ маҷмӯи китобҳои бадеӣ, маводҳои гигиенӣ тақдим крада шуданд.

Мулоқоту вохӯриҳои гурўҳи таблиғотӣ дар ҷузъу томҳои низомии ҳудуди пойтахт то 12 феврали соли ҷорӣ идома меёбад.

 

Илова кунед