ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №54 АЗ 03.02.2021

03 Феврали 2021, Чоршанбе

Дар бораи ташкили мулоқоту вохӯриҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба шарҳу тавзеҳи моҳияти паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021

Бо мақсади мусоидат дар рушди ҷомеа, вусъати корҳои созандагӣ ва фароҳам намудани шароит ҷиҳати саҳмгузории кормандони касбу кори гуногун ва сокинони шаҳри Душанбе дар амалӣ гардидани ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”

                                                                        ҚАРОР  МЕКУНАМ:

  1. Нақшаи мулоқоту вохӯриҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба шарҳу тавзеҳи моҳияти паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 ва ҳайати гурӯҳҳои таблиғотӣ тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шаванд.
  2. Муовини якум, муовинон ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони сохторҳои марбутаи дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷрои саривақтии нақшаи мазкурро таъмин намоянд.
  3. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе” ва рӯзномаи “Паёми Душанбе” инъикоси васеи қарори мазкур ва рафти татбиқи нақшаи чорабиниҳоро таъмин намоянд.
  4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳаи иҷтимоӣ гузошта шавад.

                                                                 Рустами Эмомалӣ

 

Илова кунед