ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ
Санаи 4 феврали соли 2021 дар КВД «Нақлиёти барқӣ (троллейбус ва велосипед)» бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода ва роҳбарону масъулини сохторҳои мухталифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохӯрӣ доир гардид.
Роҳбарони гуруҳҳои таблиғотӣ роҷеъ ба ҳадафу моҳияти аслии Паёми Президенти кишвар сухан ронда, аз ҷумла изҳор доштанд, ки Паёми навбатии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати роҳнамои фардои миллат дар байни сокинони кишвар ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо намудааст.
Вохўриҳо дар сатҳи баланд доир гардида, то санаи 16 - уми феврали соли равон ҷараён хоҳанд гирифт.